Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб: эътироз аз мушкилоти барқ


Тибқи хабарҳои ғайрирасмӣ, имрӯз гурӯҳе аз занони деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ дар назди ҳукумати ноҳия даст ба тазоҳуроти эътирозӣ задаанд.

Гуфта мешавад, ин эътироз ба хотири набудани нерӯи барқ дар ноҳия будааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қариб дар ҳар чанд рӯзи ахир дар назди Идораи шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб низ теъдоде аз занони шаҳр ва рустоҳои атрофи он ба нишони эътироз аз нарасидан ва гаронии барқ дар манозили зисташон таҷамӯъ менамоянд. Гуфта мешавад, ба шаҳру ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 6 МВт нерӯи барқ дода мешавад, ҳол онки дар зимистони сарди гузашта интиқоли шабонарӯзии барқ ба инҷо 20 МВт будааст.
Ҷумъахон Шарифов, сардори шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки ин ҳама масоъил ба поин рафтани сатҳи об дар обанбори Норак бастагӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба обанбори мазкур дар як соат 1600 метри мукаъъаб об ворид мешуд, феълан ин нишондиҳанда ҳамагӣ 600 метри мукаъъаб аст.
Шуруъ аз моҳи ноябри соли гузашта то имрӯз ба 10 ноҳияи ин минтақа нерӯи барқ тамоман дода намешавад. Дар ҳамин ҳол интиқоли барқ ва он ҳам ба баъзе муассисоти минтақа – насосҳои обкашӣ, беморхонаҳо ва баъзе корхонаҳои саноъатии шаҳр – аз рӯи реҷаи маҳдуд барқ интиқол карда мешавад.
XS
SM
MD
LG