Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вуруди кумакҳои башардустонаи байнулмиллалӣ ба Мянмар, ки ахиран дар натиҷаи туфони шадид талафоти зиёд дид, оғоз шудааст.

Бино ба маълумоти мавҷуда шаҳраки бандарии Ирравадӣ, ки дар оғуши тундбоду селоби шадид буд, чаҳор рӯз бо ҷаҳони хориҷ иртибот надошт ва мардуми зиндамонда ва гирифтори мусибат бо сарнавишти фоҷеъабори худ таку танҳо буданд. Дар ин шаҳрак 22 ҳазор нафар дар натиҷаи туфон ҷони худро аз даст додаанд. Ҳудуди 41 ҳазори дигар дар манотиқи осебдида бедарак шудаанд. Тақрибан як милён нафари дигар бехонаву ҷой мондаанд.

Маҳофили байнулмиллалӣ талош доранд ба аҳолии осебдида ва барои рафти пайомадҳои ин офат кумакҳои худро ҳар чӣ зудтар ба ин кишвар интиқол диҳанд. Маъмулан режими низомии Мянмар дар ҳар ҳодисае дарҳои кишвари худро бар рӯи хориҷиён мебаст. Вале ин бор эълон кардааст, ки розӣ аст кумакҳои байнулмиллалиро бипазирад. Рашид Холиқов, раиси дафтари СММ дар умури ҳамоҳангии кумакҳои башарӣ, дирӯз зимни суханони худ дар нишасти хабарие дар Ню Йорк ба рӯзноманигорон гуфт, СММ умедвор аст, ки барои судури виза Мянмар бо гурӯҳҳои кумак ҳамкорӣ хоҳад кард.

Рашид Холиқов афзуд, мо ҳамчунин умедворем, ки ҳукумати Мианмар дархости кумакҳои маҳофили байнулмиллалиро барои судури виза ё раводид дарк мекунад ва барои гузар аз баъзе посгоҳҳои гумрукӣ ё марзӣ ба онҳо кумаки худро дареғ намедорад.

Созмонҳои дигари байнулмилалӣ ва кишварҳои алоҳида низ барои расонидани имдод изҳори омодагӣ кардаанд. Аз ҷумла, Ҷеоф Моррел, сухангуи вазорати дифоъи Амрико, гуфтааст, кишвараш омода аст ба Мианмар кумак кунад:

Нигарониҳо аз камбуди ғазо, оби ошомиданӣ ва набуди сарпаноҳ дар шаҳракҳои соҳилии Мянмар дар ҳоли афзоиш аст. Шоми дирӯз Барномаи Ҷаҳонии Хорбор гуфт, онҳо дар Яангун - бузургтарин шаҳри Мянмар 800 тон хурокӣ расондаанд. Дар ин шаҳр, ки 6,5 миллион нафар аҳолӣ ба сар мебаранд, неруи барқ вуҷуд надорад. Бритониё низ гуфтааст, ки ба Мянмар ба маблағи 9 миллиону 800 ҳазор доллар кумак хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG