Пайвандҳои дастрасӣ

Имруз Дмитрий Медведев дар Кремл савганд ёд мекунад


Қарор аст имруз Дмитрий Медведев барои ишғоли курсии раёсати ҷумҳурии Руссия савганд ёд кунад. Аз замони фурупошии Шуравии собиқ оқои Медведев севвумин раиси ҷумҳури ин кишвар хоҳад буд. Вай 42 сол дорад ва баъд аз Борис Елтсин ва Влодимир Путин раёсати ҷумҳурии Руссияро уҳдадор хоҳад шуд. Медведев дар интихоботи моҳи март беш аз 70 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овард. Влодимир Путин номзадии вайро ба моқоми раёсати ҷумҳурӣ баргузид. Интизор меравад, ки Путин семати нахуствазирии Руссияро ба даст бигирад. Қабл аз он, ки Путин ихтиёроти раёсати ҷумҳуриро ба Медведев супорад, дар маросими имруз дар Кохи Кремл суханронӣ хоҳад кард. Ин суханронӣ соъати 13-и вақти Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG