Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як донишгоҳи Амрико сад нафар боздошт шудаанд


Пулиси аёлати Калифорниёи Амрико мегуяд, дар ҷараёни расидагиҳо дар робита бо маводи мухаддир дар донишгоҳи давлатии Сан Диего сад нафарро боздошт кардаанд. 75 нафари онҳо донишҷуён будаанд. Ҳадафи пулис ифшо ва боздошти қочоқгарони маводи мухаддир ва истеъмолкунандагони он будааст. Пулис мегуяд, дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷу миқдори зиёди маводи мухаддир, чанд мил аслиҳа ва пули нақд кашф ва мусодира шудааст. Ин амалиёт дар ҳоле анҷом мегирад, ки соли гузашта як донишҷу баъд аз истеъмоли миқдори беш аз маъмули маводи мухаддир даргузашт.

XS
SM
MD
LG