Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни туфон дар Мианмар меафзояд


Матбуъоти давлатии Мианмар мегуяд, ки шумораи қурбониёни туфони "Наргис" ба 22 ҳазор нафар расидааст Радио ва телвизюни давлатӣ гузориш додаанд, ки бар иловаи ин 22 ҳазор нафар 41 ҳазор нафари дигар бедарак шудаанд. Режими низомии ин кишвар гуфтааст, ки ҳозир аст кумакҳои байналмиллалиро бипазирад, то пайомадҳои ин буҳрони инсониро рафъ кунад. Ҳамзамон дар гузоришҳои матбуъоти Мианмар омадааст, ки бо вуҷуди ин фоҷеъа ҳамин ҳафта райпурсӣ дар мавриди Қонуни Асосӣ он гуна, ки пешбинӣ шуда буд, баргузор мешавад. Вале дар 47 шаҳраки соҳилӣ, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд, райпурсӣ доир нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG