Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониёни тундбоди “Наргис” дар Мянмар ба 22 ҳазор нафар расид. Беш аз 41 ҳазор нафар то ҳол беному нишонанд.

Аз тундбоди “Наргис” мавҷи уқёнус дар манотиқи ҷанубу ғарби Мянмар то беш аз севу ним метр боло рафт. Шоҳидони офати табиӣ мегӯянд, ки мавҷи бузург биноҳо ва ҳатто дарахтони бузурги сари роҳро руфта мебурд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, аз 22 ҳазор қурбониёни ин офат бахши аъзам дар шаҳри Богалай мезистанд. Ин шаҳр дар маркази паҳнои рудхонаи Иравадӣ ҷойгир аст ва мавриди зарбаи аслии тундбод қарор дошт. Монг Монг Сю – вазири муҳоҷирати Мянмар гуфт, ки “бештари мардум имкони фирор аз ин даҳшат”-ро надоштанд.

Тундбоди “Наргис” хунтаи низомии Мянмарро маҷбур сохт, то дарҳои кишварро барои кумаки байнулмилалӣ боз кунад. Чаҳор сол пеш, баъд аз бузургтарин сунамии солҳои ахир дар Уқёнуси Ҳинд ҳукумати низомии Мянмар кумаки ҷомеъаи ҷаҳониро рад карда буд. Ва аммо он вақт, ба гуфтаи мутахассисон, миқёси хисорот назар ба хисороти тундбоди феълӣ камтар буд. Пол Рислей, намояндаи Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Таиланд мегӯяд, “тибқи арзёбии пешакие, ки мо дар ихтиёр дорем, садҳо ҳазор ва шояд аз ин бештар ҳоло бесарпаноҳ мондаанд”.

Ӯ меафзояд, ки дар манотиқи офатзада тифлону пиронсолон ва онҳое, ки бар асари тундбод захмӣ шудаанд, ба макони зисти муваққатӣ, ёрии тиббӣ, озуқа ва оби пок ниёз доранд.

Имрӯз кишварҳои олам ирсоли кумак ба мардуми Мянмарро шурӯъ кардаанд. Мақомоти Таиланд эълом доштанд, ки як ҳавопаймо бо кумаки башарӣ ба Мнямар расид. Ҳиндустон ду киштӣ бо озуқа, хаймаҳо ва дигар маводи мавриди ниёзро ба кишвари офатзада фиристод.

Иттиҳодияи Аврупо ва Чин ҳам эълом доштанд, ки дар рафъи оқибатҳои тундбод ба Мянмар кумак хоҳанд кард. Иёлоти Муттаҳида изҳор кард, ки мехоҳад гурӯҳи наҷотбахшонро ба Мянмар фиристад ва аммо ҳанӯз хунтаи низомӣ ба вуруди онҳо иҷоза надодааст. Ахиран Ҷорҷ Буш аз ин коҳилии раҳбарони Мянмар изҳори норозигӣ кард ва паём дод, ки “иҷоза диҳед то Амрико ба шумо кумак расонад”.

Дар ҳамин ҳол Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид тақсими каму беши кумакҳоро дар минтақаи Ёнгон шурӯъ кард ва аммо роҳҳои аз асари офати табиӣ валангор барои интиқоли ин кумакҳо имкон намедиҳанд.

Гуфта мешавад, ки бо рушан шудани манзараи офати табиӣ як мушкили дигар боиси нигаронии кишварҳои ҳамсояи Мянмар гардид. Дар ҳоле, ки пайдо кардани биринҷ дар кишварҳои Осиё ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ душвор ва қимати он дар бозори ҷаҳонӣ ба карат боло рафтааст, чанд кишвар чашм ба ҳосили кишоварзони Мянмар дӯхта буданд. Пол Рислей мегӯяд, ҳоло содироти биринҷи Мянмар ба кишварҳое чун Шри-Ланка ва Бангладеш зери суол қарор дорад, зеро рушан аст, ки “тайи шаш моҳи оянда сокинони худи Мянмар ба маводи озуқа, аз ҷумла, биринҷ бештар ниёз хоҳанд дошт”.

XS
SM
MD
LG