Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурҷистон Русияро бо иғвоангезӣ муттаҳам мекунад


Имрӯз вазири гурҷӣ Русияро бо кӯшиши барангехтани ҷанг дар Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон муттаҳам кард.
Темурӣ Якобашвилӣ вазири ҳамоиши Гурҷистон дар Брусел гуфт, фишори Русия болои Гурҷистон метавонад боиси низоъ шавад.
"Мо воқеан бояд аз сар задани ҷанг ҷилавгирӣ кунем, зеро дар ҷои ҳодиса мо тамоми ишораҳои иғвоангезии Русия барои оғози ҷанг мушоҳида менамоем. Ин хеле возеҳ аст."
Якобашвилӣ барои арзёбии қарори Русия дар мавриди таҳкими равобиташ бо минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон ва ду баробар афзоиш додани шумораи нерӯҳои ҳомии сулҳаш дар Абхозистон ба Брусел сафар кардааст.
Ҳукумати рӯ ба ғарби Гурҷистон Русияро бо кӯшиши ишғоли Абхозистону Осетияи ҷанубӣ муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG