Пайвандҳои дастрасӣ

ИМД дафтарашро дар Душанбе мебандад


Институти миллии демократия (ИМД) имрӯз эълом намуд, ки дафтари кории худ дар Душанберо баста, кори барномавиашро қатъ мекунад.

ИМД ин тасмимро дар пайи аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ нашудани ҳуҷҷатҳои барои сабтином пешниҳод намудааш гирифтааст.«Сабтиноми ИМД дар Тоҷикистон аломати мусбати омодагии ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати уҳдадориҳои ҳукумати ин кишвар оид ба ҳамкории байнулмилалӣ хоҳад буд», - гуфт раиси шӯрои мудираи ИМД Мадлен Олбрайт, ки чанд сол пеш вазири умури хориҷаи ИМА буд.
Президенти ИМД ҷаноби Кеннет Волак дар ин робита мегӯяд: «Дар ҳоле, ки байни миллатҳо муносиботи ҳамдигарфаҳмӣ тавсиъа меёбанд, барои мо таассуфовар аст, ки ҳукумати Тоҷикистон намехоҳад аз дигар кишварҳо таҷрибаи ислоҳотиро омӯзад. ИМД муносибатҳои худ бо гурӯҳҳои шаҳрвандӣ ва ҳамаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро баҳои баланд медиҳад. Мо азсаргирии дубораи барномаҳо бо ҳамкорони худро бесаброна мунтазирем».
Институти милии демократия дар тоҷикистон кори худро дар соли 2002 оғоз намуда, таҷрибаи байнулмилалии худро ба гурӯҳҳои шаҳрвандӣ ва тамоми аҳзоби сабтиномшудаи кишвар арза кард.
Дар ҳоли ҳозир ИМД дар минтақаи Осиёи марказӣ фаъъолият намуда, дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дафтарҳои кории худро дорад.
XS
SM
MD
LG