Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

3500 сарбози амрикоӣ аз Ироқ ба хона бармегарданд


Боз як бригадаи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА аз Ироқ ба ватан бармегардад. Соли гузашта барои муқовимат ба хушунати мазҳабӣ дар Ироқ ИМА ба ин кишвар 5 бригадаи иловагӣ фиристода буд. То кунун 2 бригадаи ин нерӯ ба ватан баргашта буданд.
Низомиёни ИМА мегӯянд, дар чанд ҳафтаи оянда 3500 сарбози бригадаи сеюм дар ҷои нав мустақар мешаванд. Бозгардони 20000 афсару сарбози панҷ бригадаи мазкур бояд то охири моҳи июл амалӣ гардад. Бо фармони президенти ИМА Ҷорҷ Буш дар моҳи июл бозгардони нерӯҳо аз Ироқ ба муддати 45 рӯз мутаваққиф мешавад. Сипас бо назардошти вазъи амниятӣ мӯҳлати бозгардони 140000 низомии боқимондаи амрикоӣ аз Ироқ мавриди арзёбӣ қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG