Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Индонезия муваққатан тарки OPEC мекунад


Президенти Индонезия Сусило Бамбанг Ёдҳоёно мегӯяд, ки кишвараш муваққатан аз созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC) берун мешавад. Ёдҳоёно гуфтааст, ки Индонезия ба афзоиши истихроҷи маҳсулоти дохилӣ, ки то як миллион баррел ё худ бушка нафт дар рӯзе коҳиш ёфтааст, ниёз дорад. Индонезия ягона узви OPEC аз минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аст, вале солҳои охир истихроҷи нафт дар ин кишвар то ҳадде кам шудааст, ки Индонезия аз хориҷа нафти хос оврид мекунад.
XS
SM
MD
LG