Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони побараҳна дар замини намноки саҳро


Зимни сафари ахирамон ба Панҷакент мушоҳида кардем, ки дар саҳро қариб ҳама занону духтаронанд, ки дар замини намнок бо пои урён ва сару рӯйи баста, ба побел кардани замин ва ё ба дигар корҳои саҳроӣ машғул буданд.

Кори сангини саҳро ба хусус бо пойи урён дар ин мавсим ба саломатии духтарон бетаъсир намондааст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки онҳо дигар чора надоранд, зеро тавре борҳо гуфтаем, нерӯи аслии кории ноҳия рӯ ба муҳоҷират овардаанд ва бори гарони зиндагиро ба души занону кудакон вогузоштааст.

Мегӯянд, сухан аз забони Луқмон хуш аст, садои дили духтарони панҷакентиро аз барномаи Ояндасоз бишнавед.

Фотима Шарипова, рахбари созмони «Занони шарқи»-и Панҷакент мегӯяд, дар чунин ҳол заноне ки соҳибмаълумотанд метавонанд, мушкилоти зиндагиро то ҳадде бартараф кунанд. Аммо аксари ҷавонзанони аз таҳсил дур монда, дар саҳро ва ҷомеъа рузи сахту сангин доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки қашшоқиву нодорӣ домангири ин ҷавонон аст.

Ҳаёту мушкилот ва орзуву ормонҳои занону духтарони ноҳияи Панҷакент дар барномаи вижаи Ояндасоз тақдиматон мегардад. Барномаро пай гиред ва андешаву назароти худро ба мо ирсол доред.

oyandasoz@rferl.org

Шумораи телефон дар Душанбе 224 08 77

XS
SM
MD
LG