Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқоти варзишии бонувони Тоҷикистон


6-уми май дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Бозиҳои варзишии бонувони Тоҷикистон бахшида ба Олимпиадаи Пекин-2008 доир мегардад.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: «Даври ниҳоии Бозиҳои варзишии бонувони Тоҷикистон бо ширкати беш аз 450 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Рашт ва шаҳру навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ дар 5 риштаи варзиш то 10-уми май идома хоҳад кард. Мусобиқот оид ба варзиши сабук ва волейбол дар шаҳри Душанбе, баскетбол – дар шаҳри Хуҷанд, тенниси рӯимизӣ – дар шаҳри Кӯлоб ва шатранҷ – дар шаҳри Ваҳдат доир мегарданд».
XS
SM
MD
LG