Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қимати як бушка нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба сатҳи рекордӣ расида, аз 120 доллари амрикоӣ убур кард.

Ин хабар дар ИМ нигарониҳои афзоишёбанда дар мавриди имкони болоравии нархи бензин, коло, хурокворӣ ва хадамотро ангезиш медиҳад.

Мутахассисон изҳори ақида мекунанд, ки вазъи ноустувори амниятии баъзе кишварҳои содиркунандаи нафт ва заъфияти доллар сабаб шудааст, то қиммати як бушкаи нафти хом барои моҳи июн дар бозори бурси Ню-Йорк ба 120 доллару 36 сент расад.

Болоравии қимати нафт дар соли ҷорӣ ба афзоиши бесобиқаи нархи бензин овард, ки дар натиҷа сокинони Амрико маҷбуранд, нақшаҳои худ барои таътили тобистонаро бозбинӣ ва сафарҳои ҳамарузаашонро маҳдуд кунанд. Ширкатҳои омор иттилоъ медиҳанд, ки ба хотири сарфакорӣ амрикоиҳо барои харидани коло пули камтар сарф мекунанд ва ин на танҳо ба хотири он ки бензин гарон шудааст, балки ба хотири он аст ки қимати тамоми намуди ғазо, хадамот ва коло афзудааст. Аҳолии Амрико аз шартҳои мушкили гирифтани вом, рукуди бозори кор ва бӯҳрони бозори манзил азият мекашад.

Мутахассисон мегуянд, омилҳои вобаста ба ҳам, ки мунҷар ба нархи рекордии нафт шудааст, ба неруе мубаддал гаштааст, ки қимати ин ашёи хомро дар муқоиса бо соли гузашта қариб ду баробар зиёд кард. Соли гузашта нархи як бушка нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ баробар ба 62 доллар буд. Ва ин дар ҳолест, ки рӯзи 5 май низ рукуди қиммати доллар дар муқоиса бо евро идома ёфт ва сармоягузоронро водор сохт, ки ба хотири муқобила бо таваррум ба колоҳои мисли нафт рӯ биоваранд. Аз дигар ҷониб, доллари арзон ба нафъи ихроҷкунандагони нафт дар хориҷа мебошад, чунки масрафи тавлидкунандагон камтар мешавад.

Мутахассисони соҳа бар ин ақидаанд, ки чораҳои Бонки марказии Амрико барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ дар кишвар ва ба ҳамин хотир поин бурдани қимати баҳраи бонкӣ ба заифшавии ин арзи ҷаҳонӣ оварда, яке аз сабабҳои аслии ҷаҳиши нархи нафт шудааст.

Омилҳое дигар, ки ба кишварҳои истихроҷкунандаи нафт иртибот доранд - ин идомаи бесуботиҳо дар шимоли Ироқ, ҳамлаи ҷангиён ба корхонаҳои нафтии ширкати Роял Дач Шел дар Нигерия ва изҳороти шадидуллаҳни раҳбари руҳонии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоменеист, ки гуфтааст, Эрон дар баробари фишори байналмилалӣ аз барномаи ҳастаиаш даст нахоҳад кашид. Ошубгарони курд дар минтақаи курднишини шимоли Ироқ ҳушдор додаанд, ки барои ҷазо додани Амрико, ки ҳангоми ҳамлаи ахири Туркия ба манотиқи курднишини Ироқ Анқараро бо иттилоъоти истихборотӣ таъмин мекард, имкон дорад, алайҳи манфиатҳои амрикоиҳо дар Ироқ ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG