Пайвандҳои дастрасӣ

Лора Буш аз ғафлати режими Мианмар интиқод кард


Н: Лора Буш-хонуми раиси ҷумҳури Амрико режими низомии Мианмарро муттаҳам кардааст, ки аҳолии ин кишварро пеш аз вуқуъи туфон аз хатари он огаҳ накардаанд. Дар натиҷаи ин туфон ҳазорон нафар ҷони худро аз даст додаанд. Хонум Лора Буш гуфт, матбуъоти давлатии Мианмар аз огаҳӣ дар бораи туфони "Наргис" дар ғафлат мондаанд. Вай ҳамчунин давлати низомиро муттаҳам кард, ки натавонистааст, ниёзмандиҳои аввалияи мардумро бароварда созад. Ниан Вин-вазири хориҷаи Мианмер мегуяд, дар ин туфон беш аз 10 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG