Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи автомобилрави Мурғоб-Қулма-Қароқурум боз шуд


Бино ба иттилоъи хабаргузории "Помир Медиа" дар Хоруғ, 5-уми май роҳи автомобилрави Мурғоб-Қулма-Қароқурум, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, боз шудааст. Бино ба ин хабар, роҳи мазкур то поёни моҳи ноябр боз хоҳад буд. Ин роҳ солҳои пеш дар тобистону тирамоҳ моҳе 15 руз боз буд. Бино ба қарордоди миёни Тоҷикистону Чин ҳаракати нақлиёт аз ин роҳ моҳи маи соли 2004 оғоз шудааст.
XS
SM
MD
LG