Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон: Ҳали буҳрон тадобири фаврӣ мехоҳад


Ладо Гургенидзе-нахуствазири Гурҷистон гуфтааст, вақти он расидааст, ки барои коҳиши ташаннуҷи миёни Руссияву Гурҷистон тадобири фаврӣ ва байналмиллалии дипломатӣ иттихоз шавад. Гургенидзе ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, нооромӣ ба суди Гурҷистон нест. Вале вай таъкид кард, ки ҳимояти Руссия аз Абхозистони ҷудоихоҳ ва Осетияи Ҷанубӣ аслан талошест барои ба расмият даровардани ҷудоии Абхозистон аз Гурҷистон. Қаблан Гурҷистон изҳор дошт, ки аз қарордоди ҳамкорӣ бо Руссия дар бораи ҳифзи ҳарими ҳавоӣ хориҷ мешавад. Сергей Лавров-вазири хориҷаи Руссия барои чунин иқдом Гурҷистонро муттаҳам кард ва гуфт, ин кишвар ба шиддати вазъ доман мезанад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG