Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландии шимолӣ


Ахиран муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Эркин Қосимов нахустин сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландии шимолӣ таъйин шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳадаф аз боз намудани сафорахона дар Бритониё ва таъйин намудани нахустин сафир дар он кишварро тақвияти робитаҳои дуҷониба, густриши ҳамкориҳо дар бахшҳои мухатлиф ва хосса мусоидат ба ҷалби сармоягузориҳо барои тарҳҳои иқтисодӣ унвон карданд. Бо таъйин намудани дипломати корозмудае ба унвони сафир давлати Тоҷикистон умедвор аст, ки муносиботи тарафайн густариши қобили мулоҳизае пайдо кунанд.
Ин дар ҳолест, ки назари таҳлилгарон низ ифтитоҳи сафорат ва ба кор пардохтани сафир ба густариши муносибот мусоидат хоҳад кард. Аммо суол ин аст, ки то куҷо ва дар камдом самтҳо равобит метавонад густариш пайдо кунад. Коршиносон мегӯянд, таъйин намудани сафар танҳо як иқдом аст ва бояд дар дохили кишвар фазои эътимод ва мусоиде барои ҷалби самоягузоронро ба вуҷуд овард.
Аз нигоҳи дигар бархе коршиносон мегӯянд, ҳузури сафири Тоҷикистон дар Ландан аз назари сиёсӣ метавонад Тоҷикистонро дар моҷароҳои додгоҳӣ назар ба солҳои қаблӣ дар вазъияти беҳтаре қарор бидиҳад. Баҳсҳое миёни Ширкати алюминии Тоҷикистон ва ширкати «Ансол» ва ширкати «РусАл»-и Русия, ки Тоҷикистон даъво дорад бояд 450 миллион доллар зарари ворида ба «ТАЛКО» боз гардонанд. Аммо баъид аст ҳузури сафир то ҷое муассир воқеъ шавад, ки моҷарои додгоҳӣ ба нафъи Тоҷикистон ҳал шавад.
Дар ҳоли ҳизир боризтарин намунаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бритониё корхонаи муштарки коркарди тилои «Дарвоз» аст. Нисфе аз саҳмияҳои корхонаи дигари тилои «Зарафшон», низ дар ихтиёри Бритониё буд, ки акнун ба Чин таалуқ гирифт.
Қатъи барномаҳои радиоёи ВВС-и Бритониё рӯи мавҷи FМ дар Душанбе аз сӯи мақомоти Тоҷикистон низ боис шудааст, ки Тоҷикистон мавриди интиқоди созмонҳои дифоъ аз озоқии баён қарор бигирад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари коршиносон, тақвияти муносибот ва густариши онҳо дар ҳар сурат ба ҳунар ва истеъдоди сафири Тоҷикистон дар Ландан вобаста хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG