Пайвандҳои дастрасӣ

Пешрафт музокироти сулҳи Ховари Миёна?


Нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт ва раиси ҷумҳури Ташкилоти Худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар мулоқоти имрӯзашон ҷиҳати оғоз бахшидан ба музокироти сулҳ андаке пешрафт кардаанд. Ин мулоқот баъди сафари вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс ба Ховари Миёна ва мулоқотҳояш бо ду ҷониб анҷом гирифт. Як мақоми исроилӣ, ки дар мулоқот ҳузур дошт, гуфт, дар масоили марзҳои кишвари ояндаи Фаластин ва масоили амниятӣ пешрафти чашмгире ҳосил шудааст. Аммо музокиракунандаи Фаластинӣ Соиб Арақот гуфт, ҳанӯз доир ба пешрафт сӯҳбат кардан барвақт аст. Ҳукумати Амрико мехоҳад, то рӯзи сафари Ҷорҷ Буш ба Исроил дар охири ҳамин моҳ шоҳиди пешрафт дар музокироти сулҳи Ховари Миёна шавад. Рӯзи якшанбе, Кондолиза Райс гуфт, ба эътиқоди вай, имзои созишномаи сулҳ байни Исроил ва Фаластиниён то охири сол имконпазир аст.

XS
SM
MD
LG