Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои аудити ду корхона


Тақозои таҳқиқи байнулмилалии фаъъолияти молии корхонаи алюминийи тоҷик «ТАЛКО» ва ширкати «Барқи тоҷик» аз сӯи созмонҳои байнулмилалии молӣ сурат гирифтааст.

Ба эътиқоди созмонҳои молии байнулмилалӣ дар фаъъолияти молии ин ду корхона шаффофият ба мушоҳида намерасад. Люк Моерс, масъули дафтари Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон, гуфт, ки ахиран миёни ин муассиса ва давлати Тоҷикистон ҷиҳати бозрасии байнулмилалии фаъъолияти молии Бонки милии Тоҷикистон созиш ба даст омадааст. Вай гуфт қарор аст барои анҷоми ин кор тендер ва ё музояда аз сӯи давлат эълом шавад ва ширкати мустақили хориҷие, ки баранда мешавад, иҷрои ин корро ба уҳда хоҳад гирифт.
Масъули дафтари Сандуқи байнулмилалии пул (СБП) дар Тоҷикистон хабари талаби созмонҳо ҷиҳати аудити фаъъолияти «ТАЛКО» ва "Барки тоҷик"-ро таъйид кард. Вай афзуд, ин дархост аз ҷониби муассисаҳои молии байнулмилалӣ, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, баён шудааст. Ба таъйиди оқои Моерс, шаффофият дар кори ин ду ширкати Тоҷикистон мушоҳида намешавад ва ин амр боиси дархости бозрасии бфйнулмиллалии фаъъолияти онҳо шудааст. Оқои Моерс гуфт, ки масъалаи таҳқиқи фаъъолияти ин ду ширкат дар дидори ахири гурӯҳи Сандуқи бфйнулмилалии пул бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ шудааст: «Гурӯҳ дар ин дидор дар бораи шаффофияти молии ширкатҳои бузурги давлатии Тоҷикистон, назири «ТАЛКО» ва "Барқи тоҷик", изҳори нигаронӣ кард. Аз ин хотир мавзӯъи аудити ин ширкатҳо дар ду ҳафтаи ахир ба миён омадааст. Аммо он чи, ки мо мехоҳем, ин шаффофияти бештари молии ин ду ширкат мебошад. Ва ман умедворам, ки ин аудит ба ҳарду ҷониб муфид хоҳад буд ва низ дар амри таъмини шаффофияти молии ин корхонаҳо кумак хоҳад кард ва ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон аз масоъили молии ин ширкатҳо огаҳии беҳтар ва саҳеҳ пайдо хоҳад кард».
Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносони тоҷик иқдоми созмонҳои молии байнулмилалӣ ҷиҳати санҷиши фаъъолияти молии «ТАЛКО» ва ширкати «Барқи тоҷик»-ро хуш пазируфтанд. Тоҳири Абдуҷаббор, коршиноси тоҷик, мегӯяд фаъъолияти ин корхонаҳо мебоист хеле пештар мавриди таҳқиқ қарор мегирифт. Зеро дар мавриди набуди шаффофият дар фаъъолияти онҳо матолиби зиёд дар матбуоти дохил ва хориҷи кишвар мунташир шудааст
Тақозои ниҳодҳои байнулмиллалӣ ҷиҳати таҳқиқи фаъъолияти молии "ТАЛКО" ва "Барқи точик" дар вазъияте эълом мешавад, ки аз соли 2005 бад-ин сӯ дар додгоҳҳои Лондон мурофиъаҳои додгоҳии миёни "ТАЛКО" бо бархе аз ширкатҳо ҷараён дорад. «ТАЛКО» бархе аз ширкатҳои шарики пешини худ, ба мисли "РусАл"-и Русия ва «Ансол» (ширкати Аваз Назаров, як шаҳрванди Тоҷикистон)-ро, дар дуздӣ ва расонидани зарар ба ин корхона муттаҳам мекунад ва аз тарафи дигар ин ширкатҳо «ТАЛКО»-ро дар нақзи шароити тиҷорат ва фиреби молӣ муттаҳам мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки Люк Моерс, масъули дафтари Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон, гуфт мубоҳисоти додгоҳии «ТАЛКО» ва ширкатҳои дигар масъалаи дохилии ин ширкат аст ва танҳо чизе, ки онҳо мехоҳанд, ин таъмини шаффофияти молӣ дар ин корхона будааст.
СБП чанде қабл дар як гузориш аз ироъаи 6 мавриди маълумоти ғайривоқеъӣ ва бардурӯғи ниҳодҳои давлати Тоҷикистон хабар дода, ҳамзамон таъкид карда буд, ки заъфи иқтисоди кишвар мониъаи ифшо ва ошкор кардани ин маворид шудааст.
XS
SM
MD
LG