Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабтиноми Анҷумани рӯзноманигорони форсизабони дунё


Дар маҷлиси таъсисии анҷуман, Душанбе, 12-уми марти соли 2007

Дар маҷлиси таъсисии анҷуман, Душанбе, 12-уми марти соли 2007

Вазорати адлияи Тоҷикистон аз сабтиноми Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз» иттилоъ дод.

Ин созмон моҳи марти соли гузашта дар нахустин Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт ва дар кори он намояндагони беш аз 60 расона аз Афғонистону Эрон, Аврупову Русия ва Узбакистон ширкат доштанд.
Адолати Мирзо, сардабири нашрияи «Миллат» ва раиси созмони тозатаъсиси «Афрӯз», мегӯяд, ҳадаф аз ташкили чунин як созмон ҳимояти рӯзноманигорони форсизабон дар саросари ҷаҳон ва ҳамгироии бештари онҳост: «Ин ормони як насли рӯзноманигороне буд, ки барои дарозмуддат мехостанд, чунин анҷуманро дошта бошанд. Иншооллоҳ, бовар дорем, ки гоми мо устувор хоҳад буд». Адолати Мирзо мегӯяд, онҳо қасд доранд, ки минбаъд давраҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигоронро баргузор ва расонаҳои хабарии чопиву электронӣ барои кишварҳои форсизабонро таъсис диҳанд. Қадами дигари ин созмон, ба гуфтаи ӯ, баргузории ҳамоиши журналистони порсигӯ дар Афғонистон ё Эрон хоҳад буд.
Боқири Муъин
Боқири Муъин, муассиси расонаи хабарии «Jadidmedia.com» ва собиқ мудири бахши форсии родиюи BBC, низ мегӯяд, ки ин созмон дар ҳоле муваффақ ва кори он чашмгир хоҳад буд, ки беш аз ҳама созмони фарҳангӣ бошад ва бештар ба омӯзиш додани журналистони кишварҳои форсизабон бипардозад: «Ин созмон бояд барои рӯзноманигорон имкон фароҳам бикунад, ки дар заминаи расонаҳо омӯзиши бештар бубинанд, кайфияти кори худро болотар бубаранд. Ба унвони касбӣ ва ҳирфаӣ ба кори рӯзноманигорӣ нигоҳ бикунанд. Дар он сурат ин анҷуман метавонад, ки барои ҳама муассир бошад ва метавонад ҳамаи форсизабонҳоро, ки дар ҳар куҷое ҳастанд, ба ҳам наздик кунад». Ин дар ҳолест, ки ба қавли бархе аз соҳибназарон дар ҳар се кишвари Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон фанни рӯзноманигорӣ ва тавлиди хабар ва баёни воқеъият нисбат ба кишварҳои дигар бисёр ақибмондааст. Бархеи дигар мегӯянд, дар Тоҷикистоне, ки гирифтори бӯҳрони журналистикаи ҳирфаист, уммедвор будан аз муваффақияти Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон чандон воқеъӣ ба назар намерасад. Зеро ба бовари онҳо, дар Тоҷикистон созмонҳои рӯзноманигорӣ зиёданд, аммо дар баррасӣ ва ҳалли мушкили рӯзноманигорон кӯтоҳдастанд.
Дориюши Раҷабиён
Ба ҳар ҳол, Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷик ва сардабири сомонаи интернетии «Tajikistanweb.com», ба зарурати ташкили як чунин созмон таъкид мекунад ва мегӯяд, ки бо вуҷуди ин ки форсизабонҳо забони муштарак доранд, аммо муддатҳо аз ҳам дур буданд ва аз дунёи ҳамдигар бехабар: «Зарурати эҷоди чунин созмон вуҷуд дошт. Барои он ки таййи муддате мо аз ҳам дур будем. Ва ҳоло имкон фароҳам омада, ки мо дубора бо ҳам бошем. Аз ҳар лиҳоз, ҳатто мешавад Иттиҳоди нависандагони форсизабонро ташкил кард, то ин пайванди фарҳангӣ ҳарчи бештар тақвият пайдо бикунад. Албатта, бештар бармегардад ба нийят ва тавонмандиҳои худи созмондиҳандагони ин созмон, кти то чи андоза самимона дунболи ин кор мераванд ва дур аз тааллуқоти маҳаллӣ ва бо тафаккури комилан форсигароёна ва форсизабонона».
Ин ҳама дар ҳолест, ки ахиран дар ҷомиъаи Тоҷикистон мавзӯъи баргаштан аз хатти сирилик ба форсӣ ва таъсиси як телевизиюни муштараки форсизабонҳо низ ба миён омадааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG