Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси сипар ва мушакҳо дар Прага


Мирек Тополанек- нахуствазири Ҷумҳурии Чех гуфт, тарҳи Амрико барои истиқрори сипари дифоъи мушакӣ дар кишвараш ва Лаҳистон паёми сиёсие ба Русия аст, ки Иёлоти Муттаҳида ба Аврупои Марказӣ содиқ мебошад. Вай ин суханонро дар як конфронс доир ба сипари дифоъи мушакӣ дар шаҳри Прага ба забон овард. Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Яаап Де Ҳоп Скеффер дар ин ҳамоиш гуфт, “сипари дифоъӣ талоши муштарак аст, ки аз роҳаш хориҷ нахоҳад шуд." Вай хатари ҳамлаҳои мушакӣ ба кишварҳои узвро воқеъӣ номида гуфт: "Мо шоҳиди озмоишҳои мушакии кишварҳо шудем. Биёед, аз баҳси ин масъала нагурезем. Ин як чизи хаёлӣ ва бозии компютерӣ нест. Ин як чизи воқеъист".

Русия мухолифи истиқрори сипари дифоъии Амрико дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон аст ва онро як хатаре ба амнияти миллии худ медонад.

XS
SM
MD
LG