Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷи лигаи якуми Тоҷикистон байни мардон дар шаҳри Душанбе 5 нафар беҳтарин шатранҷбозонро муайян кард.

Илҳом Юнусов аз шаҳри Душанбе бо 12 имтиёз аз 15 бозӣ соҳиби ҷои аввал гардид. Ҳамшаҳрии ӯ Икром Илҳомзода бо 11, 5 имтиёз дуввум шуд. Анвар Назаров (Душанбе) ва Олуча Ҷумъаев (Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) бо 11-имтиёзӣ ҷойҳои севуму чаҳорумро бо ҳам диданд. Суҳроб Ҳамдамови душанбегӣ бо 9, 5 имтиёз дар ҷои панҷум қарор гирифт.
Бад-ин тартиб, 5 нафар беҳтарин шатранҷбозон барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии Тоҷикистон, ки аз 15-ум то 25-уми май дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG