Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фалокати азим дар Мянмар


Бино ба иттилоъи расонаҳои давлатии Мянмар, теъдоди қурбониёни тӯфони фалокатбор дар ин кишвар ба 4 ҳазор нафар расидааст. Телевизион ва радиои Мянмар ҳамчунин хабар доданд, ки тақрибан 3 ҳазор нафари дигар беному нишон шудаанд. Тӯфони қавие, ки шаҳри бузурги Янгонро хароб кард, рӯзи шанбе низ дар навоҳии соҳилии Ирравадӣ бедодгариашро идома дод.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки садҳо ҳазор нафар дар инҷо бехонаву дар ва бе оби нӯшокӣ мондаанд. Ричард Ҳорсӣ- намояндаи идораи кӯмакҳои башарии Созмони Милал дар Банкок гуфт, акнун маълум шуд, ки тӯфон “як фалокати азимро” ба вуҷуд овардааст. Созмонҳои имдодӣ барои расонидани маводу таҷҳизоти зарурӣ ба ёрии мардуми мусибатзада шитофтаанд.

XS
SM
MD
LG