Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи таниши байни Гурҷистон ва Русия


Русия дар сурати нерӯҳои сулҳовараш ҳамоно дар Абхозистон боқӣ мемонад
Русия дар сурати нерӯҳои сулҳовараш ҳамоно дар Абхозистон боқӣ мемонад

Иддаъои мақомоти Абхозистон бар суқути ду ҳавопаймои бесарнишини Гурҷистон 4-уми май дар ин минтақа ба оташи таниши байни Русияву Гурҷистон равғани бештар рехт.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати хориҷаи Гурҷистон ирсоли ҳар навъ ҳавопаймо ба самти Абхозистон дар таърихи 4-уми майро радд карда, хабари суқути ҳавопаймоҳои гурҷӣ дар ҳарими ҳавоии ин минтақаро “дурӯғи пӯч” номид.
Аммо Русия, ки аз давлати худхондаи Абхозистон пуштибонӣ мекунад, бо истифода аз ин мавзӯъ билофосила ба интиқоди дигарбора аз Тифлис пардохт. Вазорати хориҷаи Русия чунин парвозҳоро ғайриқонунӣ унвон карда, давлати раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилиро айбдор кард, ки “танишҳоро ҳадафмандона доман мезанад».
Аммо Константин Габашвили, раҳбари кумитаи равобити байнулмилалии порлумони Гурҷистон мегӯяд: “Дар ин рӯз чизе рух надодааст. Ин як талоши одатии Русия аст, ки тавассути нашри иттилоъи бардурӯғ мехоҳад ҳамаро мутақоъид бисозад, ки гурҷиҳо иқдомоти ҳамлагаронае рӯи даст гирифтаанд ва масъулияти буғранҷ шудани вазъи низомӣ низ бар дӯши онҳост».
Ва аммо дар айни ҳол, Тифлис расман ва билофосила аз СММ хостааст, ки мавридҳои истифода аз таслиҳоти зиддиҳавоӣ дар қаламрави Абхозистонро таҳқиқ кунад. Гурҷистон Русияро дар таъмини силоҳи ҷудоиталабони абхоз айбдор мекунад.
Абхозистон, як вилояти хурде дар ҳошияи баҳри Сиёҳ, дар ин шабу рӯз ба як саҳнаи аслии рӯёрӯии Русияву Гурҷистон барои густариши нуфуз бар ин сарзамин табдил ёфтааст. Ҳанӯз 20-уми апрел ба дунболи Маскавро дар суқут додани ҳавопаймоии иктишофиаш дар ҳарими ҳавоии Абхозистон айбдор кардани Тифлис, ин танишҳо қариб буд ба низоъи низомӣ бипечад. Русия ин иддаъои Гурҷистонро радд мекунад.
Бо ин ҳол, Владимир Путин, раисҷумҳури кунунии Русия, дар моҳи апрел мақомоти давлаташро дастур дод, ки муносибот ва равобит бо ҷумҳуришои ҷудоиталаби Гурҷистон Абхозистону Осетияи ҷанубиро тавсиъа бубахшанд.
Тифлис ин иқдоми Маскавро, ҳамчун гоме дигар ба сӯи ишғоли сарзаминаш, маҳкум кард. Ва дар ҳафтаи гузашта Русия бо ин иддаъо, ки Гурҷистон нақшаи ҳамлаи низомӣ ба Абхозистонро дар сар мепарварад, шумори нерӯҳои ҳомии сулҳи худ дар ин минтақаи ҷудоиталабро афзоиш дод. Иқдоме, ки низ вокуниши шадидан манфии ҷониби Гурҷистонро бар бор овард.
Пуштибонии Маскав аз Абхозистону Осетияи ҷанубӣ, ки ҳанӯз дар авоили солҳои 90-уми асри гузашта худро аз Тифлис мустақил эълон карданд, беш аз як даҳсола аст, ки равобити Тифлис бо Маскавро хадшадор кардааст. Бо вуҷуди таъмини молӣ, ироъаи ҳаққи шаҳрвандии Русия ба сокинони Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ва дар ин ду сарзамин мустақар будани нерӯҳоҳои ҳомии сулҳаш, Русия ҳанӯз он ду минтақаро ба расмият нашинохтааст.
Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили исрор меварзад, ки кадом як қасди истифодаи нерӯ алайҳи Абхозистон ё Осетияи ҷанубиро надорад. Вале ӯ савганд хӯрдааст, ки он ду вилояти ҷудоиталабро ба зери чатри Тифлис бар хоҳад гардонд.
Бурузи ахири танишҳо байни Маскаву Тифлис дар пайи талошҳои фазояндаи Саакашвили ба манзури пайвастани кишвараш ба паймони низомии NАТО мушоҳида мешавад. Ва ин талошҳои Тифлис Маскавро хеле хашмгин кардааст. Танишҳо байни Русияву Гурҷистон мояи нигарониҳои байнулмилалӣ шудааст. Кохи Сафед ахиран ҳарду ҷонибро ба хештандорӣ ва ба парҳез аз ҳар навъ иқдоме, ки мунҷар ба афзоиши танишҳо хоҳад шуд, даъват кард.
Ва Иттиҳодияи Аврупо имрӯзи хостори эъмори дубораи эътимод миёни ҳамаи ҷонибҳои дахили қазия шудааст.
XS
SM
MD
LG