Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо нигарон аст


Иттиҳодияи Аврупо имрӯз гуфт, аз моҷароҳои афзоянда миёни Русия ва Гурҷистон ҷиддан нигарон аст ва аз тамоми тарафҳо хост, роҳи муколамаро пеш гиранд. Зимни як баёнияи расмӣ, 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ба “тамомияти арзӣ, истиқололият ва соҳибихтиёрии” Гурҷистон таъкид кардаанд. Айни ҳол Гурҷистон имрӯз аз Созмони Милал тақозо кард, то масъалаи истифодаи аслиҳаи зидди ҳавопаймоӣ дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистонро таҳқиқ кунад. Мақомоти Абхозистон рӯзи якшанбе гуфтанд, ки ду ҳавопаймои ҷосусии бидуни сарнишини Гурҷистонро сарнагун карданд.
XS
SM
MD
LG