Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Наргис” харобкорӣ мекунад


Созмони Милали Муттаҳид эълом дошт, ки барои рафъи пайомадҳои тундбод ба Мянмар (Бирмаи собиқ) ба таври оҷил кумак хоҳад кард.

Ва аммо то ҳанӯз мақомоти кишвар ба намояндагони СММ барои сафар ба шаҳри Рангун ва дигар манотиқи офатзада иҷоза надодаанд.

Ба иттилоъи телевизиони давлатии Мянмар, бар асари тундбоди “Наргис” дар кишвар дастикам 4 000 одам ба ҳалокат расида, ҳудуди 3 000 нафари дигар беному нишон ғайб задаанд. Тундбод ҳазорон биноҳоро тахриб кардааст. Гуфта мешавад, ки “Наргис” аз ҳама бештар дар деҳаҳои канори рӯдхонаи Иравади харобкорӣ кардааст – ба иттилоъи расмӣ дар ин минтақа беш аз 20 000 манзил комилан хароб шудаанд. Масалан, дар деҳаи Лабутта, ки низ дар канори ин рӯдхона ҷойгир аст, 75 дарсади ҳама манозили зист валангор шудаанд.

Имрӯз, 5 май, ҳукумат 5 минтақаи кишвар, аз ҷумла, деҳоти канори рухонаи Иравадӣ ва шаҳри Рангунро минтақаи офат эълон кард. Шурӯъ аз ду рӯзи пеш сокинони Рангун аз неруи барқ ва оби пок маҳруманд. Робитаи телефонӣ ва интернетӣ дар Рангун айни ҳол заъиф аст. Мақомоти кишвар ба амалиёти наҷотбахшӣ ва рафъи оқибатҳои офати табиъӣ низомиён ва кормандони пулисро низ сафарбар кардаанд.

Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, айни ҳол садҳо ҳазор сокинони кишвар бехонумонанд. Дар ҳоли ҳозир “Наргис” сӯи Тойланд ҳаракат мекунад ва дар ин кишвар ҳолати омодабош эълон шудааст. Ва аммо, ба гуфтаи ҳавошиносон, суръати тундбод ба карат коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG