Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи ғамангези як модари ҷасури тоҷик


Мисли Гулмеҳр дар Русия ҳазорон модари тоҷик аст, ки таҳти фишори равонии зиёд ва дар ёди фарзанд, вале боз ҳам ба хотири онҳо кор мекунанд.

Гулмеҳр, ки 34 сол дорад ва ҳашт сол боз аст дар Русия кор мекунад, вақти муҳоҷират ва ҷудо шудан аз фарзанди ширинашро оромона ба ёд оварда наметавонад, садояш меларзад ва барои тасвири он лаҳзаи душвор ҳарфи дурусте ҳам ёфта наметавонад: “Ман наметавонам он эҳсосеро, ки доштам тасвир кунам, зеро ниҳоят сахт буд. Асабонӣ ва рӯҳшикаста ва агар ҳақиқатро бигӯям, баъзан васвосӣ мешудам ва чизи зиёди дигар буд. Барои ман сахт буд, ниҳоят сахт буд".

Гулмеҳр писари чаҳорсолаашро ду сол боз надидааст, чун писараш дар Душанбе ва худаш дар Маскав аст. Акнун ба гуфтаи Гулмеҳр дигар писараш ӯро ҳамчун модари ҳақиқӣ намепазирад, зеро дурӣ ӯро аз ҷигарбандаш дуртар мекунад. Ин модари муштоқи дидори фарзанд мегӯяд, ҳангоми сӯҳбатҳои телефонӣ тамоми ҳарфҳои ширинеро, ки дар захираи луғавиаш дорад, барои фарзандаш истифода мебарад, аммо: “Ӯ бо ман сӯҳбат намекунад, аз гуфтӯгу бо ман сарпечӣ карда ва гӯширо мепартояд. Чаро ки ӯ ҳоло дар синну солест, ки парвои ман надорад, Барои ӯ ман ҳоло муҳим нестам, барои ӯ муҳим бозӣ аст. Гулмеҳр, ки ҳангоми сӯҳбат доир ба фарзандаш ба қавле мешукуфад ва аз шодӣ лабрез мешавад, мунтазири он рӯзест, ки фарзандаш ҳамроҳи модаркалонаш ба наздаш меояд. Ин бонуи ҷавони пуртаҳаммул мегӯяд, ки агар барномаҳояш амалӣ шаванд, моҳи август писари дӯстдоштаашро, ки бибиашро модарҷон ва модари ҳақиқиашро Гуля меномад, хоҳад дид.

Гулмеҳр мегӯяд, ба хотири дурӣ аз фарзандаш ба муҳоҷират нафрат дорад, аммо лоилоҷ аст ва барои он ки фарзандаш дуруст таъмин бошад, тамоми сахтиву беадолатиҳоро таҳҳамул мекунад: “Муҳоҷират бисёр сахт аст, зеро моро дар инҷо дӯст намедоранд. Моро таҳқир, фиреб мекунанд ва ҳатто дар ҷойи кор ҳам. Чун мо шаҳрвандони Русия нестем, моро паст мезананд, пули моро кам медиҳанд, ҳар гуна ки мехоҳанд, аз музди кор ман мезананд ва ман ҳеҷ чиз гуфта наметавонам, зеро шаҳрванди Русия нестам“. Гулмеҳр мегӯяд, агар дар Душанбе як хонаи алоҳида медошт, як рӯз ҳам дар Русия намеистод ва намегузошт, то касе ғурурашро шикаста ва шаъни ӯро паст бизанад. Вале Гулмеҳр боз ҳам бо фикри писараш ин ҳамаро таҳаммул мекунад: “Агар ман дар Душанбе хона медоштам, ман ба ҳамаи ин кор туф мекардам ва бармегаштам. Азбаски хона надорам ва фарзандам бемор аст барои ҳамин ман ба ҳама тоқат мекунам. Писарам ҳам бемор аст ва чанде пеш қариб ки ҳалок шуд. Вай бемор ба дунё омада буд, ва барои табобаташ пули бисёр даркор“.

Гулмеҳр мегӯяд, бо омадан ба назди фарзанд ҳеҷ коре аз дасташ намеомад, ба ҳамин хотир ирсоли пул барои табобати фарзандашро беҳтар донист. Акнун ӯ саъй дорад, ки дар Русия бимонад, то барои фарзандаш ояндаи хуберо таъмин кунад:
“Ӯ камтар калон шавад, ман мехоҳам барои гирифтани ҳаққи иқомат санадҳоямро пешниҳод кунам ва агар шаҳрвандии Русияро бигирам, ман писарамро ба наздам меорам. Кори ман панҷрӯза аст, яъне ман дар Русия мисли одамони дуруст, яъне “сафед” кор мекунам, зеро моро дар инҷо “сиёҳ” меноманд ва “сиёҳҳо” дар Русия бе рӯзи таътил кор мекунанд. Ман бошам панҷ рӯзи корӣ дорам ва табиист, ки ман ӯро ба инҷо оварда ба боғчаи бачагона медиҳам”. Аз Гулмеҳр пурсидам, ки агар Худо нокарда ин барномаат амалӣ нашавад ва фарзандат дигар туро модар нахонад, чӣ кор хоҳӣ кард? Вай мегӯяд: “Ман ба ин суол ҷавоб дода наметавонам, зеро тассавури ин барои ман бисёр ваҳшатнок аст. Аввал ин ки дар оянда ман ба ӯ чизе дода наметавонам. Вале ман бисёр мехоҳам, ки ӯ соҳибилм ва закӣ ба воя бирасад, вале ман ба ин суол ҷавоб дода наметавонам. Бо ман чӣ хоҳад шуд, ман намедонам“.

Мисли Гулмеҳр дар Русия ҳазорон модари тоҷик аст, ки таҳти фишори равонии зиёд ва дар ёди фарзанд, вале боз ҳам ба хотири онҳо кор мекунанд. Ҳарчанд омори дақиқе доир ба теъдоди занони муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ва дигар кишварҳои шӯравии собиқ дар даст нест, аммо онҳо даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳанд ва ҳар сол дар миёни садҳо муҳоҷири корие, ки дар Русия мефавтанд, на камтар аз даҳ ё 20 нафари онҳо бонувон ҳастанд. Бонувоне, ки дур аз ватан ҷон медиҳанд ва фарзандону азизони дигари худро гирифтори андӯҳу дард ва ҳазорон ғами дигар мекунанд.

XS
SM
MD
LG