Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Маскав роҳҳои мубориза бо СПИД-ро меҷӯянд


Дар Маскав дуввумин конфронси Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ роҷеъ ба вазъи бемориҳои СПИД кори худро ба поён мерасонад. Ин конфронси минтақавӣ севвуми май ба кор шуруъ кард, дар он доираи васеъи намояндагон ва гуруҳҳои мухталифи иҷтимоъӣ барои таъйини роҳҳои мубориза бо СПИД дар минтақа гирдиҳам омаданд.

Ширкаткунандагон дар ин конфронс ёдоварӣ карданд, ки дар натиҷаи талошҳои даҳсолаи ахир барои мубориза бо ин беморӣ то андозае пешравиҳо мушоҳида шудааст. Масалан, дар гузорише, ки моҳи декабри соли 2007 Созмони Ҷаҳонии Беҳдошти вобаста ба СММ ба табъ расонд, шумораи тақрибии ононе, ки ҳар сол ба ин беморӣ гирифтор мешаванд дар ҳоли коҳиш аст. Масалан, дар соли 2001 шумораи беморони ба истилоҳ "нав" тақрибан 230 ҳазор нафарро ташкил медод. Вале ин шумора дар соли 2007 хеле коҳиш ёфт ва тақрибан ба 150 ҳазор нафар расид, яъне суръати афзоиши беморӣ нисбат ба соли 2000-ум кундтар шудааст, вале шумораи ононе, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бемории СПИД доранд, ҳамоно меафзояд. Гузоришҳои солҳои 2006 ва 2007 нишон медиҳад, ки ин беморӣ нисбат ба солҳои пеш дар Руссияву Озарбойҷон, Гурҷистону Қазоқистон, Қирғизистону Молдова ва Тоҷикистону Узбакистон густариш ёфтааст. Global Fund гуфтааст, барои мубориза бо ин беморӣ дар саросари ҷаҳон то соли 2010 як миллиарду 200 миллион доллар дархост кардааст ва то ҳол дар ин роҳ пешравиҳо ба назар мерасад. Ба гуфтаи Global Fund, 60 дарсади маблағҳои пешбинишуда дар Африқо ба масраф мерасад.

Global Fund мегуяд, 10 кишвари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Туркияву Қазоқистон ва Русия, аз ин кумакҳои молӣ нахоҳанд гирифт, зеро ин кишварҳо барои муборизаи мустақил бо бемории СПИД маблағи кофӣ дар ихтиёр доранд. Масалан, дар даҳсолаи ахир Русияву Қазоқистон аз фуруши нафту гози худ даромадҳои ҳангуфт ба даст овардаанд. Аммо кишварҳои дигар аз қабили Тоҷикистону Қирғизистон бидуни кумакҳои сармоягузорони хориҷӣ наметавонанд бо ин беморӣ муборизаи муассир анҷом диҳанд. Мадамин Каратаев-муовини вазири беҳдошти Қирғизистон муддате пеш гуфт, баъд аз соли 2005 гирифторони бемории СПИД ба шумораи рекордӣ расидааст.

" Тибқи маълумоти расмӣ, то 1-уми марти соли 2008 дар Қирғизистон як ҳазору 535 нафар бо ангезандаи ВИЧ сабти ном шудаанд, ки аз онҳо як ҳазору 411 нафар шаҳрвандони Қирғизистонанд. 115 нафари онҳо гирифтори бемории СПИД мебошанд".

Чунин вазъ дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мешавад. Питер Пиот, мудири иҷроии СММ дар умури СПИД мегуяд, Афғонистон низ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шомил аст ва он яке аз манбаъҳои тавлиди тарёк ба шумор меравад ва бояд решаҳои ин беморӣ аз байн бурда шавад:

"Мо воқеъан ҳам бо решаҳои ин беморӣ бояд мубориза кунем. Ва тавлиди ҳероин дар ин ҷо ҳамеша дар сатҳи боло будааст. Ин бад-он маъност, ки ҳар ҷо муътодони маводи мухаддир зиёданд, бемории СПИД онҳоро мисли сояашон дунбол мекунад".

Питер Пиот - мудири иҷроии СММ дар умури СПИД мегуяд, яке аз сарчашмаҳои густариши ин беморӣ муҳоҷират низ ба шумор меравад. Ҳангоми муҳоҷират одамон ин бемориро бо худ аз як маҳал ба маҳали дигар мебаранд. Ба ақидаи Питер Пиот, ин беморӣ аз роҳи муҳоҷират аз Ғарб ба Шақ ва ба Ҷануби Шарқ интиқол меёбад:

"Вақте, ки мо ба муҳоҷират назар меафканем, ба ҷое, ки захоири табиӣ меравад, мебинем, ки он беш аз пеш ба самти Шарқ, Ҷанубу Шарқ меравад, на ба Ғарб ё Шимол".

XS
SM
MD
LG