Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши танишҳо дар Қафқоз


Дафтари раёсати ҷумҳурии Амрико аз Гурҷистон ва Абхозистон даъват кардааст, ки хештандорӣ нишон диҳанд.

Тонӣ Фратто - сухангуи Кохи Сафед гуфт, Амрико аз ҳамаи ҷонибҳо даъват мекунад, аз ҳар гуна амале, ки боиси ташаннуҷи вазъ дар минтақа мешавад, худдорӣ кунанд.

Даъвати Амрико дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷониби Абхозистон гуфтааст, ду ҳавопаймои бесарнишини Гурҷистонро, ки машғули парвоз дар ҳарими Абхозистон будааст, сарнагун сохтааст. Аммо ин иддаъоро ҷониби Гурҷистон рад кард.

Чанд рӯзе қабл ҳам нерӯҳои Абхозистон гуфта буданд, як ҳавопаймои бесарнишини Гурҷистонро сарнагун сохтаанд, аммо ҷониби Гурҷистон он замон дар ин амал нерӯҳои низомии Русияро муҷрим дониста, ва аз болои он ба Созмони Милал шикоят бурда буд. Ҷониби Русия иттиҳоми даст доштан дар сарнагунсозии ҳавопаймои гурҷиро рад карда буд.

Охири ҳафтаи гузашта СММ аз таниши фазояндаи миёни Маскаву Тифлис изҳори нигаронӣ кард ва аз ҳама ҷонибҳо даъват ба амал овард, ки ба тамомияти арзии Гурҷистон арҷ гузоранд.

Дар ҳамин ҳол, Маскав равобитро бо Абхозистон ва ҳам ҷумҳурии ҷудоихоҳи дигари Осетияи Ҷанубӣ аз лиҳози тиҷоративу ҳуқуқӣ наздиктар мекунад. Ахиран, Маскав шумори нирӯҳои посдори сулҳашро дар қаламрави Абхозистон афзоиш дод. Ва дафъатан ин иқдом танқидҳои шадиди Аврупову Ғарб ва НАТО-ро ба бор овард, ки гуфтанд, бо вуҷуди қонунӣ будани чунин иддаоҳо, ин изҳорот дар асл хеле таҳрикбарангез аст.

Афзоиши баҳси аз соли 1994 ба ин сӯ хобида дар атрофи ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро шореҳон ба эълони якҷонибаи истиқлоли Косово нисбат медиҳанд ва мегӯянд, ки Маскав ин низоёҳоро мехоҳад чун василаи интиқомҷӯйӣ дар ин маврид истифода кунад.

XS
SM
MD
LG