Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ намунаҳои дахолати Иронро ҷамъоварӣ мекунад


Нурӣ ал-Моликӣ-нахуствазири Ироқ дастур додааст, ки кумитае ташкил шавад ва ба нишонаҳое, ки аз он дахолати Ирон дар умури дохилаи Ироқ ном бурда мешавад, расидагӣ анҷом бигирад. Алӣ ал-Даббоғ-сухангуи ҳукумати Ироқ гуфтааст, аъзои кумиссюне аз вазоратҳои ниҳодҳои амниятӣ дар ин бора далоиле гирдоварӣ кардаанд ва онро ба мақомоти расмии Ирон пешкаш мекунанд. Оқои Даббоғ гуфтааст, Ироқ дар гузашта дахолати Иронро мушоҳида кардааст, аз суи дагар Ирон дар умури Ироқ гоҳо нақши мусбат низ доштааст.
XS
SM
MD
LG