Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чор афсари Албания бо иттиҳоми фасод


Мақомоти Албания таъкид мекунанд, ки дар иртибот бо силсилаи таркишҳои фалокатбори амбори аслиҳа чор мансабдори вазорати мудофиаи ин кишвар бо иттиҳоми фасод боздошт шудаанд. Моҳи март бар асри таркишҳо дар амбори аслиҳаи канори шаҳри Тирана 26 нафар кушта ва беш аз 300 кас маҷрӯҳ шуданд. Ҳамчунон даҳҳо макони зист валангор гашт. Сухангӯи идораи додситонии кулли Албания Ҳолта Житӣ гуфт, яке аз боздоштшудагон полковник ё худ колонели артиш мебошад.
XS
SM
MD
LG