Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хоменейӣ: "Эрон ба таҳдидҳо сархам намекунад"


Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманайӣ гуфтааст, ки Ҷумҳурии исломӣ аз ҳуқуқи худ даст намекашад ва ба таҳдидҳо сар хам намекунад. Ӯ чизе дар бораи барномаи ҳаставии Эрон иброз надошт, вале мансабдорони эронӣ борҳо таъкид кардаанд, ки пешбурди барномаи ҳаставӣ ҳақи миллии онҳост. Ҳафтаи равон кишварҳои абарқудрат ба Эрон имтиёзҳои нав пешниҳод карданд, то Ҷумҳурии исломӣ дар муқобили он аз бахши ҳассоси барномаи ҳаставиаш даст кашад. Кишварҳои ғарбӣ ва ИМА хавф доранд, ки ҳадафи пинҳонии барномаи ҳаставии Теҳрон тавлиди силоҳи куштори ҷамъӣ мебошад. Эрон таъкид мекунад, ки барномаи ҳаставиаш ҳадафҳои осоишта дорад. Соли 2006-ум Эрон ҳамин гуна имтиёзҳо дар муқобили қатъи ғанигардонии уранро рад карда буд.
XS
SM
MD
LG