Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Гуам Обама 7 овоз бештар гирифт


Дар сабқати интихоботии ҳизби демократ дар минтақаи хурди Гуам Барак Обама назар ба рақибаш хонум Ҳиларӣ Клинтон 7 овоз бештар гирифт. Рӯзи шанбе 2264 раъйдиҳанда ба тарафдори аз Обама ва 2257 нафар ба тарафдорӣ аз Клинтон овоз доданд.
Ҳамин тариқ дар анҷумани ҳизби демократи ИМА, ки дар он расман номзади ин гурӯҳи сиёсӣ барои сабқати раёсатҷумҳурии ИМА интихоб мешавад, аз номи Гуам чор вакили пуштибон аз Обама ширкат меварзанд. 6-уми май Обама ва Клинтон дар аёлатҳои Индиана ва Каролинаи Шимолӣ сабқат мекунанд.
Номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн рақибонашро аз сабқат дур кардааст ва бидуни шак дар анҷумани ин гурӯҳи сиёсӣ ӯ номзади ҷумҳурихоҳони ИМА дар интихоботи президентӣ пазируфта мешавад.

XS
SM
MD
LG