Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониҳои вируси кӯдаккуш афзоиш меёбад


Мақомоти Чин иттилоъ медиҳанд, ки шумораи қурбониҳо аз сирояти вируси кӯдаккуш ба 24 нафар баробар шуд. Ба навиштаи хабаргузории расмии Синҳуаи Чин барои назорати сирояти вирус ё худ ангезаи маъруф бо номи EV-71 , ки ба дасту по ва даҳони кӯдакон осеб мерасонад, мақомоти Чин ба шаҳри Анҳувии вилояти Фуянг мутахассис ирсол намудаанд.
XS
SM
MD
LG