Пайвандҳои дастрасӣ

Кумаки Бонки Осиёии Рушд ба ниёзмандон


Бонки Осиёии Рушд эълон кард, ки ба кишварҳои камбизоати дар ҳоли мубориза бо болоравии қимати озуқа, кумаки фавқулода ирсол менамояд. Ҳаруҳико Курода раиси бонки мазкур дар шаҳри Мадрид гуфт, "эҳтимол давраи маводи ғизоии арзон хотима ёфта бошад". Ӯ дар бораи миқдори кумаки молии бонк тафсилоти бештар надод, вале гуфт, ки миқдори кумак ба дархости кишварҳои камбизоат марбут хоҳад буд.
Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ кардааст, ки соли равон дар саросари Осиё таваррум беш аз 5%-ро ташкил хоҳад дод. Ба гуфти ҳамин манбаъ қисман болоравии нархи озуқа сабабгори ин раванд аст.
Ҳаруҳико КуродаТоҷикистону Бангладешро дар миёни кишварҳои аз болоравии нархҳо азияткашида ёдовар шуда, гуфтааст, ки ҳоло Бонк бо мансабдорони ин кишварҳо мизони эҳтиёҷотро муайян намуда, сипас омори дақиқтаре дар бораи кумакҳо пешниҳод менамояд.
XS
SM
MD
LG