Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нави гурӯҳи «Шашгона» ба Эрон


Вазирони хориҷаи Британия ва ИМА Дейвид Милибанд ва Кондализа Райс ҳини нишасти матбуотӣ дар Лондон
Вазирони хориҷаи Британия ва ИМА Дейвид Милибанд ва Кондализа Райс ҳини нишасти матбуотӣ дар Лондон

Вазирони берунаи ИМА, Британия, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон ба Эрон даври нави музокироти барномаи ҳастаии ин кишварро пешниҳод карданд.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар Лондон баъди нишасти гурӯҳи «5+1», яъне аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ: ИМА, Британия, Фаронса, Русия, Чин ва ҳамчунон Олмон, иброз доштааст. Ба қавли Лавров дар замони музокирот Теҳрон бояд ғанигардонии уранро мутаваққиф кунад.


Шоми ҷумъа дар поёни нишасти Лондон вазири корҳои хориҷии Британия Дейвид Милибанд гуфт, шаш кишвар мувофиқат кардаанд, ки барои ташвиқи Эрон ба қатъи барномаи ғанигардонии уран чанд имтиёзе матраҳ намоянд. Милибанд тафсилот надод, ки ин имтиёзҳо аз чӣ иборатанд.


ИМА ва мамолики ғарбӣ хавф доранд, ки ҳадафи пинҳонии барномаи ҳаставии Эрон тавлиди силоҳи куштори ҷамъӣ мебошад, вале Теҳрон ин айбномаро рад мекунад.


Моҳи июни соли 2006-ум Эрон пешниҳоди ҳамкории ҳаставӣ ва имтиёзҳои тиҷорӣ дар муқобили қатъи ғанигардонии уранро рад карда буд.

XS
SM
MD
LG