Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват барои кӯмак ба Фаластин


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар нишасти матбуотии муштараке бо вазирони хориҷаи Амрикову Русия Кандализа Райс ва Сергей Лавров, ва ҳамчунин дар ҳузури нахуствазири пешини Бритониё Тони Блэр чунин гуфт:

"Ҳайати Чоргона дар заминаи фаъолиятҳои идомаёбандаи атрофи шаҳракҳо амиқан изҳори нигаронӣ мекунад. Аз Исроил даъват мешавад, ки ҳама фаъолиятҳоро дар робита бо шаҳракҳоро мутаваққиф карда, посгоҳҳои моҳи марти соли 2001 бунёдкардаашро хароб кунад".

Ва аз ҷониби дигар, Бан Ки Мун гуфт, ки ҳайати Чоргона интизор дорад, ки ҷониби Фаластин ба ваъдаҳояш дар роҳи муқобила бо терроризм ва таҳкими амният вафо карда, мақомоти Исроилу Фаластин дар роҳи таъмини амнияту суботи бештар дар минтақа ҳамкории наздиктарро барқарор хоҳанд кард. Дар айни замон, Дабири кулл аз кишварҳои донор, ба вижа давлатҳои арабӣ тақозо кард, ки талоши бештарро барои ироаи кӯмакҳои пулӣ ба Ташкилоти худгардони Фаластин ба харҷ диҳанд. Ин нуктаро дар суханронии худ вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс ҳам таъкид кард. Ӯ гуфт:

"Ман шодам, ки баъзе аз тааҳҳудоти пулӣ ба иҷро расидааст, аммо ошкоро бояд гуфт, ки вақте дар баробари чизе ӯҳдадор мешавед, шумо вазифадор ҳастед, ки онро ба сомон расонед, ва ин нуктаро ман дар баробари ҳамаи дигари давлатҳо таъкид хоҳам кард".

Вазири хориҷаи Амрико гуфт, ки беҳбуд бахшидани шароити молии фаластиниҳои оддӣ ҳукумати раҳбари Ташкилоти худгардон Маҳмуди Аббосро тақвият мебахшад ва барои дастёбӣ ба сулҳи деринтизор мусоидат мекунад.

Ин сӯҳбатҳо дар ҳоле карда мешавад, ки қазияи Каронаи Ғарбӣ ҳанӯз ҳам ҳалношуда боқӣ мемонад. Ин борикаи маҳдуд, маҳалли зисти яку ним миллион мардуми фаластинӣ аст, ки амалан таҳти назари гурӯҳи мусаллаҳи Ҳамос қарор дошта, ҳукумати Аббос дар ин минтақа нуфуз надорад.

Дар изҳороти муштараки ҳайати Чоргонаи Ховари Миёна аз вазъи башарии Борикаи Ғазза, ки баъди таҳти назари Ҳамос дар июни соли 2007 гузаштани ин минтақа аз ҷониби Исроил муҳосира шудааст, амиқан изҳори нигаронӣ мешавад. Исроил мегӯяд, ки блокада бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз мушакандозиҳои ҷангиёни Ҳамос ба қаламрави Исроил ҷорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG