Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳдофи сафари Раҳмон ба Қазоқистон


Чунин ба назар мерасад, ки дар сафари қарибулвуқӯъи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон, шомил шудани ин кишвар ба Консорсиуми эҳдоси нирӯгоҳи барқи обии Роғун аз масъалаҳои аслии матраҳшаванда бошад.

Қаблан, ҷониби Қазоқистон дар мавриди омодагии худ ҷиҳати ширкат дар ин консорсиум хабар дода буд, вале мегуфт, шартҳое низ дорад, ки шояд ҷонибҳо комилан онро напазиранд. Аммо бар тибқи баъзе хабарҳо, Қазоқистон ахиран гуфтааст, омодааст, ки ба ин консорсиум шомил шавад.

Ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, масъалаи шомилшавии Қазоқистон ба консорсиуми эҳдоси нирӯгоҳи барқи обии Роғун бо мутахассисони бахши энержии қазоқ чандест, ки мавриди баррасӣ қарор дорад ва дар сурати ба даст омадани тавофуқ миёни сарони ин кишварҳо дар мулоқоти тарҳрезишуда дар Остона Қазоқистон ба ин консорсиум ворид хоҳад шуд. Ба гуфтаи Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», ҷониби Қазоқистон дар мавриди анҷоми тарҳҳои дигари энержӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст, ки бунёди хатҳои баландшиддати интиқоли барқ аз шимоли Тоҷикистон ба ҷануби Қазоқистон аз ҷумлаи ин тарҳҳои эҳтимолист.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ҷониби Қазоқистон мегуфт, барои шомил шудан ба консорсиуми бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун шартҳои худро дорад ва дар сурати мувофиқа шудани тарафҳо ва аъзои консорсиум ба ин нирӯгоҳ сармоягузорӣ хоҳад кард. Чунин ҳарфҳоро Ерлан Абилдаев, сафири Қазоқистон дар Душанбе зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд.

Чунин ба назар мерасад, ки яке аз шартҳои аслии шомил шудани Қазоқистон ба консорсиуми бунёди ниругоҳи барқи обии Роғун, ба миқдори саҳми худ даст ёфтан ба барқи арзон барои ниёзмандиҳои манотиқи ҷануби ин кишвар аст, зеро ҳамзамон бо саҳмгузорӣ дар эҳдоси нирӯгоҳ, бунёди хатҳои баландшиддати 500 киловолтии интиқоли барқ аз Хуҷанд ба Алмаато аз тариқи Қирғизистонро рӯи даст гирифтанист. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» низ чунин назарҳоро таъйид кард.

Дар ҳамин ҳол, ба назари таҳлилгарони тоҷик, ширкати кишварҳои бонуфузи минтақа, назири Қазоқистон дар эҳдоси тарҳи нирӯгоҳи Роғун ба манфиати Тоҷикистон хоҳад буд. Ба эътиқоди Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик, Қазоқистон дуввумин кишварест, ки тасмими он барои ширкат дар бунёди Роғун ҷиддӣ ба назар мерасад ва ин ба суди ҳам Тоҷикистон ва ҳам минтақа дар мавриди коҳиши мушкилоти энержӣ ва рафъи мухолифатҳои минтақа хоҳад буд.

Қазоқистон ҳамчунин дуввумин кишваре аз Иттиҳоди шӯравии собиқ аст, ки табодули назарраси молу коло бо Тоҷикистон дорад. Дар соли 2007 табодули мол миёни ин ду кишвар бештар аз 340 миллион доллари амрикоӣ будааст. Ҳамчунин, теъдоде аз ширкатҳои қазоқӣ, аз ҷумла «Казинвестминерал», «Бейбарс ва К», «Отамакон», «Омега инвест» ва «Китака» дар Тоҷикистон фаъоланд. Ширкати «Китака»-и ин кишвар барои кашфи конҳои ангишт дар Тоҷикистон 2,5 миллион доллар сармоягузорӣ карда ва тасмим дорад, дар саноати ангишткании тоҷик 20 миллион доллар ва бунёди маркази гармидиҳӣ 100 миллион доллра сармоягузорӣ бикунад.

XS
SM
MD
LG