Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавои муносиботи Амрикову Белорус сард мешавад


Бо “ғайриқонунӣ ва ғайримашрӯъ” хондани иқдоми Белорус ҷиҳати рондани сафирони Амрико аз қаламраваш, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки талаби ҷумҳурии Белорусро иҷро ва сафиронашро аз ин кишвар ихроҷ хоҳад кард.

Акнун сафорати Амрико дар шаҳри Минск, ки аввали сол 30 корманд дошт, танҳо чаҳор корманд хоҳад дошт, ки ин моҷаро баёнгари тирагии равобити дипломатии Амрико ва Ҷумҳурии Белорус аст.

Дастури ҳукумати Белорус барои ихроҷи дипломатҳои Амрико зоҳиран вазорати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаро дар ёфтани иқдоми ҷавобӣ андаке сардаргум кард. Сухангӯи ин вазорат Том Кейсӣ бо эътирофи ин гуфта дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт, ки ҳукумати Белорус ба 10 дипломати амрикоӣ дастур додааст, то дар зарфи 72 соат ин кишварро тарк кунанд. Бо гузашти муддати кӯтоҳе аз ин, хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” иттилоъ дод, ки Амрико мехоҳад дар ҷавоб ба ин рафтори Белорус, намояндагиҳои дипломатии ин кишвар дар шаҳрҳои Вашингтону Ню-Йоркро ва ҳамчунин сафорати худ дар Минскро низ бубандад. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, кордори сафорати Амрико дар Минск Ҷонатан Мур ба вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Белорус рафта ва қасд доштааст, ин дастури ҳукуматро ба мақомоти Белорус бирасонад.

Аммо вазорати умури хориҷаи Белорус баъди ин гуфтугу бо Ҷонатан Мур танҳо гуфт, ки дипломати амрикоӣ таъйид кард, ки дипломатҳое, ки бояд кишварро тарк кунанд, дар фурсати муқарраршуда аз Белорус берун хоҳанд рафт. Ҷумҳурии Белорус худи ҳамин сол чанд маротиба ба дипломатҳои Амрико дастур дод, ки қаламрави ин кишварро тарк кунанд ва акнун баъди тарки даҳ дипломати дигар дар маҷмӯъ дар сафорати Амрико дар Минск танҳо чаҳор нафар кор хоҳад кард.

Аммо вокуниши як андоза нарми давлати Амрико бо ҳушдорҳо ба мақомоти Белорус ҳамроҳ будааст. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс мегӯяд, ки иқдоми вазорат танҳо ба хотири фурсат додан ба ҳукумати Ҷумҳурии Белорус будааст, ки ба сари иқдомоташ дигарбора фикр кунад.

Дар посух ба ин суол, ки рондани дипломатҳои Белорус аз Амрико ба муносиботи дипломатии ин кишвар бо Минск чӣ таъсире хоҳад гузошт. Том Кейсӣ гуфт, ҳарчанд дар ин ҳол ҳам метавон равобити дипломатӣ дошт, аммо дар воқеъ бе доштани ягон нафар дар кишваре фаъолият дар он ниҳоят сахт хоҳад буд. Ба гуфтаи хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, Иёлоти Муттаҳида ба ин марҳила расидааст, ки масъалаи комилан бастани сафораташ дар Минскро баррасӣ мекунад ва дар ҷустуҷӯи кишварест, ки манофеъи Иёлоти Муттаҳида дар Минскро ҳимоят кунад. Ҳарчанд Том Кейсӣ гуфт, ҳанӯз кор то ба ин ҷо нарасидааст.
XS
SM
MD
LG