Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ба иқдоми Белорус посух надодааст


Вазорати хориҷаи Амрико мегуяд, то ҳол Вошингтон тасмим нагирифтааст, ки ба Белорус дар бораи коҳиши шумораи дипломатҳояш дар Амрико дастур диҳад. Том Кейсӣ-сухангуи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон аз тасмими рузи чаҳоршанбеи Белорус дар бораи ихроҷи 10 нафар дипломатҳои Амрико аз Минск ба таври ҷиддӣ нигарон аст. Ин иқдоми Белорус баъд аз ташдиди мубоҳисоти ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Белорус ва таҳримҳо алайҳи он сурат гирфтааст. Том Кейсӣ гуфт, Вошингтон ба Белорус ҳушдор дод, ки дар посух ба чунин иқдоми Белорус як силсила таҳримҳо метвонад ҷорӣ шавад, вале ин таҳримҳо дар Амрико дар ҳоли омузишанд. Сухангуи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Амрико дар бораи бастани сафоратхонаи худ дар Мински Белорус низ то ҳол тасмим нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG