Пайвандҳои дастрасӣ

Сардии бештар дар равобити Амрико ва Беларус


Президенти Беларус Аляксандр Лукашенко

Президенти Беларус Аляксандр Лукашенко

Вазорати умури хориҷии Амрико таъкид кард, ки Вошингтон то ҳол дар бобати бастани сафорат ва консулгарии Беларус дар ИМА тасмим нагирифтааст.

Том Кейсӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико, гуфт, Вошингтон аз тасмими рӯзи чаҳоршанбеи Беларус дар бораи ихроҷи 10 нафар дипломатҳои Амрико аз Минск ба таври ҷиддӣ нигарон аст. Ин иқдоми Беларус баъд аз ташдиди мубоҳисоти ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар ва таҳримҳо алайҳи он сурат гирифтааст.

Том Кейсӣ гуфт, Вошингтон ба Беларус ҳушдор дод, ки дар посух ба чунин иқдоми Беларус як силсила таҳримҳо метвонад ҷорӣ шавад, вале ин таҳримҳо дар Амрико дар ҳоли омузишанд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Амрико дар бораи бастани сафоратхонаи худ дар Мински Беларус низ то ҳол тасмим нагирифтааст.

Дар як гуфтугу бо мо Сергей Наумчик,корманди бахши беларуси Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, гуфт, баъд аз ихроҷи даҳ дипломати Амрико аз Минск Амрико низ мехост аз Беларус тақозо кунад, ки сафоратхонаашро дар Вошингтон бибандад, вале ба чунин кор даст назад. Чаро? Сергей Наумчик чунин мегуяд: "Тибқи маълумоте, ки то ҳол мо дар ихтиёр дорем, даст кашидан аз чунин тасмим дар натиҷаи машваратҳои дуҷонибаи дипломатҳои Амрико ва Беларус ҳосил шудааст. Яъне сухан дар бораи имкони музокироте меравад, ки, ба эҳтимоли зиёд, ҳоло идома дорад. Ба мо ҳамчунин маълум аст, ки ҳоло Вошингтон дар ҳоли омӯзиши тасмими баъдии худ аст, ки чи тарз ба ихроҷи шумораи зиёди дипломатҳои сафораташ дар Минс ба Беларус посух диҳад".

Аз Сергей Наумчик пурсидам, чунин иқдоми Беларус дар муносиботи Амрикову Беларус чи асар хоҳад дошт? Вай дар посух чунин гуфт: "Баъд аз он чӣ, ки имруз рух дод, шояд танҳо як кор боқӣ мемонад: бастани сафоратхонаҳо ва қатъи муносиботи дипломатӣ. Он гуна, ки яке аз муфассирони сиёсӣ дар барномаи мо гуфт, кишварҳо маъмулан дар ҳолати ҷанг даст ба чунин иқдом мезананд, вале, шукри худо, миёни Амрикову Беларус ҳолати ҷанг вуҷуд надорад".

Иттиҳодияи Аврупо муттаҳиди наздики Амрикост ва ҳамеша дар гузашта дар умури байнулмиллалӣ аз Амрико ҳимоят кардааст. Аз коршинос Сергей Наумчик пурсдам, дар сурати ҷорӣ кардани таҳримҳои Амрико бар зидди Беларус имкон дорад, ки Иттиҳодияи Аврупо низ аз Амрико пайравӣ кунад?

"Таҷруба нишон додааст, ки чунин кор шудааст. маъмулан муддате сипарӣ мешавад ва Иттиҳодияи Аврупо аз тасмимҳои Амрико ҷонибдорӣ мекунад".

Аз суи дигар, як мақоми амрико, ки нахост аз вай ном бурда шавад, ба матбуъот гуфт, ки имкон дорад, дар посух ба ихроҷи даҳ дипломати Амрико Вошингтон низ Минскро водор кунад, ки дипломатҳояшро аз Вошингтон фаро хонад.


XS
SM
MD
LG