Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти телевизионҳои афғонӣ дар дасти додситонӣ


Вазорати фарҳанги Афғонистон мегӯяд, ки парвандаи ду шабакаи телевизиониро ба идораи додситонӣ таҳвил додааст. Шабакаҳои телевизионии Тулӯъ ва Афғон ТВ тақозои мақомотро нодида гирифта, намоиши силсилафилмҳои ҳиндиро идома додаанд. Ба қавли мақомот филмҳои ёдшуда мухолифи шариати исломӣ мебошанд ва шабакаҳои телевизионӣ мебоист то 29-уми апрел аз нашри он ва чанд барномаи дигар худдорӣ мекарданд.
Шабакаҳои зарбулаҷали мақомотро иҷро накарданд. Телевизиони тулӯъ мегӯяд, худ бар зидди мақомот амал хоҳад кард, зеро дастури ҳукумат хилофи қонуни асосии Афғонистон аст.
XS
SM
MD
LG