Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози баҳси узвияти Албания ва Хорватия дар Нато


Албания ва Хорватия расман музокироти узвият дар паймони Наторо оғоз намуданд. Моҳи равон дар нишасти Бухарест Нато ду кишвари ёдшударо ба паймон даъват кард. Баъди анҷоми музокирот ду кишвар протоколи узвиятро ба имзо мерасонанд. Дар паи он 26 кишвари узв бояд ин протоколро ба тасвиб расонанд, то узвияти Албанияву Хорватия расмӣ шавад. Агар музокирот тибқи нақша ба поён расанд, моҳи апрели соли 2009-ум аснои таҷлили 60 солагии Нато ду кишвар ба ҳайси аъзои 27-ум ва 28-уми паймон дар ҷашнвора иштирок хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG