Пайвандҳои дастрасӣ

Садамаи автобуси мисрӣ боиси марги 9 нафар шуд


Имрӯз дар Миср бар асари тасодуми автобуси сайёҳӣ камаш нӯҳ нафар кушта ва чандин каси дигар захмӣ шуданд.
Аснои ҳаракат дар самти нимҷазираи Сино автобус чаппа шуда, оташ гирифтааст. Сайёҳон мехостанд аз шаҳри Шарм-уш-Шайхи соҳили баҳри Сурх ба пойтахт шаҳри Қоҳира сафар кунанд. То ҳол иттилои собит дар бораи шаҳрвандии қурбониҳо нашр нашудааст, вале сафорати Руминия гуфт, дар байни қурбониҳо як зан аз ин кишвар мебошад. Сафорати Русия ҳам таъкид кардааст,ки яке аз қурбониҳо шаҳрванди Русия мебошад. Ҳамчунон гуфта мешавад, ки дар тасодум як украинӣ низ ҳалок шуд.
Мақомоти мисрӣ изҳор намудаанд, ки дар ҳодиса14 рус, чор британиявӣ, ду шаҳрванди Канада, ду италиявӣ, ду румин, як украинӣ ва чор мисрӣ маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG