Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти масъули риштаҳои кишоварзӣ ва беҳдоштии Хатлон аз пайдоиш ва хуруҷи зукоми мурғ дар ин минтақа нигаронанд.

Ҳусейнбой Ҳисориев, сарбайтори идораи кишоварзии Хатлон, мегўяд, бо ин вуҷуд ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳеҷ як ҳодисаи мубталошавӣ ба зукоми мурғӣ, бо шумули вабои Эйч-5-Эн-1, ба мушоҳида нарасидааст, аммо хатари бурузи он дар қаламрави бавижа ҷанубии Тоҷикистон бас афзоянда аст. Ба қавли оқои Ҳисориев, дар ҳудуди Покистон, Чин ва Ҳиндустон ва ахиран дар Афғонистон сироятёбии оммавӣ ба зукоми мурғ ба мушоҳида расидааст ва аз ин боис, дар 15 ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон беш аз 70 мутахассис ба назорати паррандаҳои муҳоҷир машғул буда ва барои ҷилавгирӣ аз бурузи зукоми мурғӣ дар манотиқи марзии Афғонистон 210 ҳазор ваксинаи зидди ин беморӣ истифода шудааст.

Ҳусейнбой Ҳисориев, сарбайтори идораи кишоварзии Хатлон, гуфт, Бонки осиёии рушд наздик ба як миллион евро барои анҷоми маъракаҳои огаҳонии сокинони Хатлон аз хатари зукоми мурғӣ ихтисос додааст, аммо ин маблағ барои ҷилавгирии том аз пайдоиши ин вабо дар ҷануби Тоҷикистон нокифоя будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузаштаи начандон дур Иттиҳодияи Аврупо низ барои мубориза алайҳи пайдоиши зукоми мурғӣ 5 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ироа карда буд, аммо ин маболиғ чӣ гуна ва ба чӣ кор масраф шуданд, суоли дигарест, ки мақомоти расмӣ ба он посухе намедиҳанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳамасола селаи беш аз 60 намуди паррандаҳои муҳоҷир, ки эҳтимолан мубталои зукоми мурғиянд, ба хоки Тоҷикистон ворид мешаванд. Аммо коршинос Алимаҳмад Гулов, номзади улуми байторӣ, мегўяд, бо он ки ҳатто агар ин вабо дар Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад, ба вазъи беҳдоштии сокинони кишвар ҳеҷ хатарзо нест. Ба иддаои оқои Гулов, зукоми мурғ дар Тоҷикистон нахустин бор ҳанўз дар соли 1974 ба қайд гирифта шудааст, аммо хабаре оид ба фавти одамон бар асари сироятёбии он рўйи даст наомадааст, ё мақомоти расмӣ онро нашр накардаанд.

Сарфи назар аз ин ҳама, баҳору тобистони соли гузашта мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз паҳншавии зукоми мурғӣ дар ин кишвар вуруди тухму мурғ аз Русия, Қазоқистон, Ҷопон, Таиланд, Ирон, Покистон ва Чинро, ки зукоми мурғ дар онҳо пайдо шуда буд, муваққатан мамнӯъ эълом карда буданд. Мақомоти риштаи кишоварзии Хатлон мегўянд, ба гумони ғолиб, имсол низ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз бурузи ин вабо, тасмими манъи воридоти гўшти мурғ ба кишвар аз сар гирифта хоҳад шуд.

Сар аз соли 2003-юм танҳо дар кишварҳои осиёӣ вабои Эйч-5-Эн-1 ё зукоми мурғӣ, ҷони наздик 70 нафарро рабудааст.

XS
SM
MD
LG