Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозон худсузӣ карданд


Додгоҳи низомии вилояти Хатлон ба баррасии ду парвандаи марбут ба худсўзии сарбозон шурўъ кардааст.

Ҳар ду ҳодисаи суиқасди аскарон ба худкушӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар қисмҳои ҳарбии мустақар дар ҷануби Тоҷикистон сар зада ва зимнан, яке аз қумандонҳои воҳиди низомии ноҳияи Ҷомӣ дар таҳрик додан ба худкушии аскарон муттаҳам дониста мешавад.

Темур Боев, раиси додгоҳи низомии Хатлон, аз ифшои исму насаби афроди муттаҳам худдорӣ варзида ва аммо гуфт, мақомоти додситонӣ ба раҳбарони воҳидҳои низомӣ танҳо бар асоси як банди қонуни ҷиноӣ, яъне берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ, айб эълом кардаанд, дар ҳоле ки онҳо ба эҳтимоли қавӣ, дар суиқасд ба худсўзии сарбозон низ даст доранд. Раиси додгоҳи низомии Хатлон афзуд:

«Хушбахтона, яке аз сарбозон, ки қасди худкушӣ дошт, бо кўмаки табибон ҷон ба саломат бурд. Аммо мо дар мавриди яке аз ду гумонбар парвандаашро барои таҷдиди назар ба додситонӣ баргардонидем. Додгоҳ наметавонад худаш ҷазоро вазнин бикунад, аз ин рў, додситонӣ бояд тибқи боз як банди қонуни ҷиноӣ ба қумандонҳо айб эълом бикунад, чун онҳо дар таҳрик додани сарбозон ба худсўзӣ низ айбдор дониста мешаванд…»

Омилҳои аслии даст задани сарбозон ба худкушӣ фишори равонӣ, таҳти таҳқиру озори ҷисмонӣ қарор гирифтани онҳо, ба меҳнати иҷборӣ ҷалб кардан ва камбуди ғизо дар воҳидҳои низомӣ унвон мешавад. Ҷомеашинос Сўҳроб Таваров бар ин назар аст, ки муносиботи гоҳе бадхоҳонаву ғайринизомии афсарони воҳидҳои низомӣ, дар аскарон эҳсоси нобоварӣ ба худро тавлид мекунад ва онҳо ҷуз ин ки даст ба худсўзӣ бизананд, чораи дигари раҳоӣ аз ин вазъро намебинанд. Оқои Таваров барои исботи фикраш чунин мисол овард:

«Як нафар дўстам, ки дар сафи артиш хидмат мекунад, гуфт, ки ў ва ҳудуди 10 сарбози дигарро дар зимистони гузашта раҳбаронаш ба манзили қудои Президент, воқеъ дар совхози боғутокпарварии ноҳияи Бохтар бурда ва бар хилофи хоҳиши худи сарбозон, то се ҳафта онҳоро кор фармудаанд…»

Дар ҳамин ҳол, Темур Боев, раиси додгоҳи низомии Хатлон, низ иқрор мекунад, мавориди таҳрик додан ба худкушии аскарони артиши миллӣ дар ҷануби Тоҷикистон дар ин авохир зиёд ба мушоҳада расида ва боиси нигаронии мақомот шудааст. Вай афзуд, ҳукми додгоҳ алайҳи муттаҳамин дар худсўзии ду сарбоз дар чанд моҳи ахирро тавассути тамоми расонаҳо ва муфассал ироа хоҳад кард, то бад-ин васила мизони фишору тазйиқи аскарон дар воҳидҳои низомии Хатлон коҳиш биёбад. Дар сурати собит шудани гуноҳи афроди муттаҳам дар худсўзии сарбозон дар додгоҳ, онҳоро ҷазои аз 5 то 12 соли зиндон интизор хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG