Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 1 сарбози Нато ва 8 мулкӣ дар Афғонистон


Рӯзи чоршанбе дар Афғонистон бар асари чанд таркиши ҷудогона 1 сарбози Нато ва 8 фарди мулкӣ кушта шуданд. Сухангӯи Нато изҳор намуд, ки сарбози ин паймон аснои гашт дар вилояти Лугар, воқеъ дар ҷануби Кобул ба қатл расид. Полиси афғон мегӯяд, дар натиҷаи ду таркиш дар наздикиҳои марзи ин кишвар бо Покистон 8 фарди осоишта ва мин ҷумла 3 кӯдак ҳалок шуданд. Ба қавли ҳамин манбаъ дар минтақаи Спин Болдаки вилояти ҷанубии Қандаҳор мошини онҳо аз роҳи минакоришуда убур кард.
XS
SM
MD
LG