Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

1-уми май, ҳамчун рӯзи байнулмилалии коргарон, бо як силсила раҳпаймоиву намоишҳо дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон таҷлил гардид.

Дар бархе кишварҳо тазоҳуроти мардум ба даргириҳо байни тазоҳургарон ва нирӯҳои пулис низ печидааст.

Рӯзи 1 май ҳазорон нафар шиъорҳои зидди давлати Филиппин ва раисҷумҳур Глория Арройо дар даст ва дар забон ба кӯчаву хиёбонҳои пойтахти ин кишвар, шаҳри Манила рехтанд. Тазоҳургарон аз давлат замонати таъмини ҷойи кор ва ҳимояти мардум аз афзоиши нархи биринҷу маҳсулоти нафтиро талаб мекарданд. Бархе аз эътирозгарон ҳатто халтаҳои биринҷро ба тан карда буданд. Лаҳни интиқод аз давлат низ дар кӯчаҳои Манила дар ин рӯз хеле шадид буд. Қимати биринҷ, аз муҳимтарин анвоъи хурдании мардуми Филиппин, тайи моҳҳои ахир ду маротиба боло рафта, эҳтимоли бурузи гуруснагии фарогирро дар уфуқи ин кишвар намудор кардааст.

Рӯзи 1 май дар пойтахти кишвари бо Филиппин ҳамҷавори Индонезия низ чунин як тазоҳуроти эътирозӣ мушоҳида шуд. 15 000 нафари гирдиҳамомада дар Ҷакарта хостори боло бурдани маошҳо ба хотири ҳимояти тоифаи коргар дар муқобили афзоиши нархи маҳсулот шудаанд. Дар пойтахти Индонезия нирӯҳои бо лӯлаҳои об мусаллаҳи пулис ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳаракати тазоҳургарон ба сӯи Кохи раёсатҷумҳурӣ дар давродаври ин қаср шинак гирифта буданд.

Дар Ҷакарта кор то ба истифода аз ин лӯлаҳои об алайҳи тазоҳургарон нарасид. Вале дар Туркия, ба хотири гирифтани пеши роҳи издиҳом нирӯҳои пулис ҳам аз лӯлаҳои об ва ҳам аз калтаку газҳои ашковар истифода бурданд. Бо ин вуҷуд, ки таҷлил аз 1 май дар Туркия аз соли 1977 ба ин сӯ расман манъ аст, издиҳоми бузурги коргарон ва донишҷӯён бо шиъорҳои “Зинда бод 1 май!” ва “Ҳар куҷои дунё майдони Тақсим аст!”, талош карданд дар Тақсим, яке аз майдони марказии Истамбул гирди ҳам оянд. Садҳо тан аз тазоҳургарон боздошт шуда, мақомот мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти пароканда кардани издиҳом 6 афсари пулис захм бардоштаанд. Аммо телевизиони ХабарТурк дар бораи захмӣ шудани 30 нафар гузориш додааст.

Дар Олмон одатан 1 майро ҳанӯз аз як шаби пешаш таҷлил мекунанд. Шаби гузашта дар Берлин 24 тазоҳургар боздошт шуда, дар шаҳри бандарии Ҳамбург, дар шимоли Олмон, тазоҳурот ба задухӯрд бо нирӯҳои пулис печид.

Рӯзи 1 май, ки дар даврони Шӯравӣ яке аз идҳои муҳим маҳсуб шуда, дар тақвим бо хатти сурх ранг шуда буд, акнун дар бисёре аз кишварҳои собиқ коммунистӣ барҳам дода шуда, дар Осиёи Марказӣ танҳо дар Қазоқистону Қирғизистон ва дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид ва рӯзи истироҳат боқӣ мондааст.

Рӯзи 1 май дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, ҳизби коммунисти ин кишвар бо баргузории як маросими идона дар Осорхонаи таърихи ин ҳизб, ки то ҳол номи Владимир Илйич Ленинро доштааст, аз иди 1 май таҷлил кард.

Аммо Туркманистон ва Узбакистон, ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ, билофосила дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ 1 майро аз феҳрасти идҳои расмии худ хат задаанд. Акнун, масалан, дар Туркманистон ҳар якшанбеи охири моҳи апрел Рӯзи аспи туркманиро, ки бо номи аспи Ахалтекин маъруф аст, таҷлил мекунанд.

XS
SM
MD
LG