Пайвандҳои дастрасӣ

“Эрон фаъолтарин кишвари сармоягузори терроризм дар ҷаҳон боқӣ мемонад”, – омадааст дар гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷаи ИМА.

Дар ин гузориш, ки дирӯз интишор гашта, дар бораи терроризми саросарӣ мебошад, аз ҷумла, таъкид шудааст, ки Эрон барои идомаи кумакаш ба “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, гурӯҳи шибҳинизомии «Ҳамос»-и Фаластин ва таъмини ҷангиёни шиъимазҳаби Ироқ бо силоҳ ва тамрини онҳо дар феҳрасти, кишварҳои сармоягузори терроризм ҷои аввалро ишғол мекунад.
Дар гузориш ҳамчунин Сурия, Кореяи шимолӣ, Куба ва Судон ҳамчун кишварҳои ҳомии терроризм зикр шудаанд. Тибқи иттилоъи вазорати хориҷаи ИМА бо сабаби дубора тавсиъаёбии фаъъолияти ифротгароён дар Афғонистону Покистон миёни солҳои 2006 ва 2007 шумораи ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон то 16 % афзудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки шумораи чунин ҳамалот дар Ироқ дар айни замон коҳиш ёфтааст.
Мулоқоти муншии кулли "Ҳизбуллоҳ" Наъим Қосим ва Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон дар Байрут
Муаллифони гузориш навиштаанд, ки феълан шабакаи “Ал-Қоъида” ва гурӯҳҳои марбут ба он ҳамоно чун бузургтарин хатари террористӣ барои амнияти ИМА ва муттаҳидонаш боқӣ мемонад. Вале мақомоти Ироқ дар ҳамин ҳол изҳори умедворӣ мекунанд, ки аз тариқи ифшои мадракҳои ба тозагӣ ошкоршуда Эронро водор созанд аз тамрини шибҳинизомиёни шиъӣ ва таъмини онҳо бо аслиҳа даст кашад.
Як мақоми баландрутба дар ҳукумати Ироқ, ки номаш зикр намешавад, иттилоъ додааст ҳоло маълум нест, ки оё ҷониби эронӣ ба мулоқот ризоят додаст ё хайр, аммо бо вуҷуди ин Бағдод мехоҳад Теҳронро огоҳ созад, ки Эрон бояд ба ин гуна кумакҳо хотима диҳад.
Ба иттилоъи ин манбаъ ин мадракҳо мебоист зимни нишасти матбуъотӣ ба намоиш гузошта мешуд, аммо тасмим гирифта шуд, ки намоиши мадракҳо ба таъхир гузошта шавад, то мақомоти Ироқ фурсат дошта бошанд ин мушкилро бевосита бо Теҳрон баррасӣ кунанд.
Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА

Ҳарчанд ИМА борҳо эълом кардааст, ки сипоҳи “Посдорони инқилоби исломии Эрон” ба ҷангиёни шиъии ироқӣ кумак расонда, ба умури он дахолат мекунад, дирӯз вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс эълом дошт, ки, аслан, бо ин иттиҳомот Амрико барои анҷоми ҳамлаи низомӣ ба Эрон заминасозӣ карданӣ нест.
XS
SM
MD
LG