Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико барои ҳамла ба Ирон нақшае надорад


Як мақоми низомии Амрико гуфтааст, нақшаҳои тозаи низомӣ барои ҳамла ба Ирон вуҷуд надорад. Бино ба гуфтаи Ҷон Сеттлер-раиси низомии нақшаҳои стротегии Амрико, ба вазорати дифоъи ин кишвар барои омода кардани тарҳи ҳамла дастур дода нашудааст. Дируз дар нишасти хабарии вазорати дифоъ гуфта шуд, ки ҳузури ду ҳавопаймобари Амрико дар Халиҷи Форс муваққатист, зеро яке дигариро иваз мекунад.
XS
SM
MD
LG